Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > СУЛҲУ ВАҲДАТ- ХУШБАХТИИ МИЛЛАТ
single-product

СУЛҲУ ВАҲДАТ- ХУШБАХТИИ МИЛЛАТ

2025-06-19 16:00:19

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастаги моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Ҳамасола рӯзи 27 июнро дар кишвари мо ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд, ки ин ифодагари тинҷию оромӣ, якдигарфаҳмию якдилӣ, меҳанпарастию ватандорӣ аст.

Вале Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистони азизи мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар назар ба гузашта намоем халқи тоҷик чӣ даврони мушкилу пурдардро паси сар намудааст. Воқеъаҳои мудҳиши, рӯзҳои пурдаҳшати солҳои 90-уми асри гузашта дар дили пиру ҷавон тарсу ваҳм, рӯзгори пурғам ва ягон умеде ба оянда нагузошта буд. Зеро Тоҷикистони биҳиштосо дар замири худ аз дасти бадхоҳону зархаридони хориҷӣ пора-пора мегашт. Мардумаш овора, шаҳру деҳот валангор, занону кӯдакон ятиму бесарпаноҳ монда буданд.

Гарчанде баҳри ин ноҳаққию бесарусомониҳо,ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бисёр аз фарзандони шуҷоъ ва баномуси Ватан мубориза мебурданд, аммо мардуми азияткашидаю раҳгумзада ба касеву чизе бовар карда наметавонистанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу, ташвишоваре, ки метавонист миллату Ватанро аз байн барад, марди шуҷое ба сари қудрат омад ва ба халқу миллат ваъда доданд, ки: “Ман ба шумо сулҳ меорам”.

Хушбахтона мардуми банангу орӣ Тоҷикистон тавонистанд, ки бо талошу хидматҳои беандозаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллиро дар сарзамини мо пойдор кунанд. Яъне пас аз чандин марҳалаҳои душвори музокирот 27-июни соли 1997 ба имзои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» миллати парешон сарҷамъ, мамлакат обод шуд ва офтоби сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, субҳи умеду орзуҳо, шодиву сурур дар ватани мо танинандоз гардид.

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

27-июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рузи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Кунун мардумро мебоист ба сарвари худ эътимод кунанд ва баҳри хушбахтию ободии ватан кӯшанд. Вале бародарро бо бародар оштӣ додан, ашки кӯдакони ятимро ба табассум табдил додан, ба дили модарон шӯълаи умед бахшидан, хонаҳои вайронаю сӯхтаро ба макони зебо табдил додан осон набуд. Маҳз меҳру муҳаббати падарона, суханҳову назарҳои ба ояндаи нек ва инчунин корҳои бунёдкоронаи Ҷаноби Олӣ мардумро зери ливои сулҳу дӯстӣ муттаҳид намуд.

Пас мо бояд ба қадри ин дастоварди бузург, неъмати бебаҳо, сулҳу оромӣ расем. Чун ягон дороиву афзунӣ ба як лаҳзаи осоиштагӣ ва дӯстиву сулҳу субот намерасад. Инчунин ҳама пирӯзиҳо аз иттиҳоду ваҳдат аст.

Имрӯзҳо мо ҳамчун шаҳрванди асили ватандӯст бояд барои мустаҳкам нигоҳ доштани сулҳу оромии ватанамон сарҷамъ бошем, ба ҳар гуна ищвогарону душманони ватан имкон надиҳем, ки ин оромии моро халалдор созанд!

Ва ҷавонони имрузаро дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда барои ҳифзи амнияти кишвар ба хизмати ҳарбӣ, хизмат ба Модар-Ватан ҷалб намоем, то ки падарону модарон, хоҳарону додарони мо осудахотир бошанду шабҳо ором бихобанд!

Нуров Фурӯзон, сармутахассиси маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестии Коллеҷи Политехникии ноҳияи Зафаробод