Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
single-product

НАҚШИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

2025-06-21 21:14:48

Дар таърихи башарият халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо дастовардҳо ва музаффариятҳои бузургу арзишманди худ ва бо шахсиятҳои маъруфи худ машҳур гаштаанд. Миллати тоҷик бо дастоварди азими худ сулҳу осоиш ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки аҳамияти бузурги байналмилалӣ дорад ва ҳамчунин бо сарвари хирадманду сулҳофару миллатсолори худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё машҳур гаштааст.

Дар воқеъ, миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша дар қалби худ орзуи сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро мепарварид ва борҳо ҷаҳд менамуд, ки ба ваҳдату ягонагӣ ноил шаванд. Дар масири таърих низ, ҳамчун миллати ватанхоҳу соҳибтамаддун доимо ҷонибдори сулҳу оромӣ будааст.

Ин дастоварди бузургу арзишманд ба миллати тоҷик танҳо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид. Мавриди зикри хос аст, ки дар охирҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз барҳамхурии он гурӯҳҳои сиёсие, ки манфиати худ ва бегонагонро аз манфиати миллату давлат афзалтар медонистанд, дар ҷумҳурӣ вазъияти буҳрониро ба амал оварданд.

Амнияти сиёсии кишвар низ ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ гашт. Фазои истиқлолияте, ки 9 – сентябри соли 1991 ба даст оварда шуда буд, ҳар лаҳза халалдор карда мешуд. Душманони дохиливу хориҷии миллату давлати тоҷик бо ҳар роҳу восита мамлакатро ба бесуботӣ оварда расониданд. Таърих шоҳид аст, ки ноамниҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро ашхоси мансабталаб ба миён оварданд, ки он нооромиҳову нобасомониҳо ба ҷанги бемаънии бародаркуш оварда расонид.

Ваҳдат ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ маънидод карда шуда, он чун ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, таҳамулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона фаҳмида мешавад. Бояд қайд намуд, ки ваҳдат қобилияти низомсозӣ ва давлатсозӣ дошта, имконият медиҳад, ки равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар заминаи арзишҳои ваҳдат ва дустӣ ишкишоф ёбанд.

Дар ин замина, метавон, гуфт ки Ваҳдати миллӣ барои мо сарчашмаи рушд ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва тамоми дастоварду ормонҳои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамани аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи рафтори олии ватанхоҳона шаҳодат аз бузургии мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Ваҳдати миллӣ медиҳад.

Аҳамият, мубрамият ва зарурияти воқеии ваҳдати миллиро таҷрибаи давлатдории тоҷикон исбот менамояд. Яъне роҳу воситаҳои ба даст овардан ва арзиши олии ин муқадасотро мо аз таҷрибаи давлатдории худ метавон тасдиқ кард, ки чӣ гуна ин арзиш ба даст оварда шуда ва чӣ аҳмия дорад барои мо. Вобаста ба ин дар адабиётҳои илмӣ, хусусан дар ҷилди 4 китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муаллиф, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ. қайд намуданд, ки дар роҳи шаклгирии Ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, тақвияти мавқеи сарвари сиёсӣ ва ҳамгироии ҷоемаи нақши босазо дорад. Яъне, мавқеи муаалиф нисбат ба заминаи ваҳдати миллӣ дар он аст, ки Ваҳдат дар заминаи хушку холӣ барои мо ба даст наомадааст, балки дар асоси заминаи сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, мавқеи сарвари сиёсӣ ва ҳамгироии ҷомеа барои миллати тоҷик мушарраф гардидааст.

Дар қисмати заминаи сиёсии ва мавқеи сарварии сиёсӣ ҳаминро қайд менамоем, ки воқеан миллатро аз вартаи нестшавӣ ва давлатро аз нобутшавӣ раҳо додан ва барқарор намудани сулҳу амният ва Ваҳдати миллӣ самараи ҷасорат, заҳмату талошҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Яъне Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як шуҷоатмандии бузург такя ба мардуми Тоҷикистон намуда, сулҳу субот ва амнияти миллатро таъмин намуданд. Чи тавре Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Мехоҳам бо ифтихор хотирнишон созам, ки дар ин раванди мушкилу тақдирсоз, яъне таъмин намудани сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда танҳо ба мардуми Тоҷикистон тааллуқ дорад”. Маҳз бо шарофати хиради азалӣ ва андешаи стратегӣ, иродаи қавӣ ва фарҳангӣ баланди сиёсии худ Пешвои миллат тавонистанд дар як муддати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ заминаҳои асосии давлати миллиро барпо намуда, ҷиҳати барқарор кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.

Таърих гувоҳ аст, ки яке аз саҳифаҳои бениҳоят душвору хатарнок барои сарвари давлатамон ва сарнавиштсозу тақдирсоз барои мардуми тоҷик, ин аввалин гуфтушунидҳо 17-19 майи соли 1995 буд, ки дар ин сол якумин музокироти сатҳи олии дар шаҳри Кобул байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини тоҷик баргузор гардид. Манбаъҳои таърихӣ, хусусан дар ҷилди 1 китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” тасдиқ гардидааст, ки пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба хабаргузори “Интерфакс” дар бораи ҳадафҳои вохӯриашон чунин иброз карда буданд: “Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари мухолифин ман, пеш аз ҳама, мавзуъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷироне, ки ҳануз дар хоки Афғонистон ҳастанд ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дарбар ҳоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо мухолифин мебошад, ки ин мусолиҳа бояд аз ҳарду тараф бечунучаро иҷро шавад”. Дар баробари ин Пешвои муаазами миллат барои таъмини саривақтии Ваҳдати миллӣ як қатор музокиротҳо дар хориҷи кишвар ба роҳбари гуруҳи мухолифини тоҷик гузаронд. Аз ҷумла музокирот байни Президенти маҳбуби кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари гуруҳи мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон, Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 2 маротиба, Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ва ғ.

Воқеан, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар таърихи 27 июни соли 1997 ва эълон намудани ин рӯзи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ, миллати тоҷик дубора сарҷамъ шуд.

Лозим ба ёдоваист, ки мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби ҷасорат, шуҷоатмандӣ, давлатсозӣ ва миллатсозӣ буда, Ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун арзиши олии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад дастовард ва маҳсули бунёдии он мебошад. Вобаста ба бузургӣ ва аҳмаияти таърихии мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат доктори илмҳои сиёсӣ профессор Ятимов С.С. дар китоби “Илм ва амният”-и худ қайд менамоянд, ки “Миллате, ки қудрати маънавиаш ба шинохт, пешниҳод, пуштибонӣ, эътироф ва сидқан пайравӣ намудан аз Пешвои худро дорад, дар рӯ ба рӯйи таҳдидҳои муосир шикастанопазир аст”.

Мо, ҷавонон бояд дарк намоем, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун муқадасот, арзиши олӣ ва меҳвари давлатсозии мо буда, онро ҳамчун сарчашма ва пойдеворӣ рушди тамоми соҳаҳои ҳайёти ҷамъиятӣ дониста, барои эҳтиром, ҳимоя ва ҳифзи он ҳама вақт кӯшиш намоем.

Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ замоне, ки миллати тоҷик ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда буд оғоз гардида, то минбари СММ Тоҷикистонро ҳамчун ба кишвари сулҳофар, ташабускор дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, барои мардуми тоҷик имрӯз яке фазои суботу созандагиро ба вуҷуд овард.

Шаҳром Ҷалилов, директори Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар