
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПОЯИ СУЛҲ, СУБОТ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
2025-06-21 21:13:03
Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳое
ҳастанд, ки сарнавишти давлатдориву ҳастии ӯро муайян мекунанд. Барои халқи
тоҷик чунин рӯз 27 июни соли 1997 гардид — санае, ки дар он созишномаи умумии
истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва ба ҷанги бародаркуши дохилӣ
хотима дода шуд. Ин рӯз ҳамчун рамзи бахшоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози марҳалаи
нави бунёдкориву рушд дар таърихи Тоҷикистон сабт гардидааст ва ҳамасола ҳамчун
Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.
Ваҳдати миллӣ маънои ягонагии сиёсӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳамаи гурӯҳҳо ва табақаҳои ҷомеаро дорад, ки дар заминаи
арзишҳои муштарак ва манфиатҳои умумимиллӣ ба даст омада, ҳадафи асосии он
таъмини сулҳу субот ва рушди устувори давлат аст. Дар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ
на танҳо як пояи муҳими давлатдорӣ, балки худ шакли зиндаву пойдори шуури
ватандорӣ ва худшиносии миллӣ гардид.
Пас аз як муддати тӯлонии низоъ ва
парокандагӣ, расидан ба сулҳ ва эъмори ваҳдати миллӣ осон набуд. Ин амали
бузург заҳмати беандоза, хирадмандӣ ва ҷасорати сиёсӣ металабид, ки бо роҳбарии
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Бидуни шак, шахсияти муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва муттаҳидкунандаи миллат дар таърихи
муосири тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Маҳз бо роҳбарии оқилонаи ӯ музокироти
сулҳ бо мухолифин оғоз ёфта, бо роҳи дипломатӣ ва гуфтугӯҳои бисёрҷониба,
ҷонибҳо ба созиш расиданд.
Ин раванд танҳо ба имзои санадҳо маҳдуд
нашуд. Пешвои миллат бо иродаи устувор ва сиёсати башардӯстона шахсан ба
манотиқи ҷангзада сафар карда, мардумро ба ваҳдат, дӯстӣ, бародарӣ ва эҳтироми
якдигар даъват менамуд. Ин амали ӯ бовари мардумро барқарор намуда, заминаҳои
мустаҳками ваҳдати воқеиро гузошт.
Пас аз ба даст омадани сулҳу ваҳдат,
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ марҳалаи бунёдкорӣ ворид гардид.
Бо кӯшиши пайвастаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии мардуми бедордил, имрӯз
Тоҷикистони азиз ба як кишвари устувору рушдкунанда табдил ёфтааст. Сохтмони
иншооти азим, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоъ, маорифу тандурустӣ, таҳкими
истиқлолияти энергетикӣ ва ғ. ҳама натиҷаи ҳамин ваҳдат аст.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ
чун кишвари ташаббускори дипломатияи об ва сулҳу субот шинохта мешавад. Ин ҳама
ба шарофати фазои орому муттаҳидонае аст, ки ваҳдати миллӣ фароҳам овардааст.
Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ танҳо
вазифаи давлат нест. Ин масъулияти муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст, бахусус
ҷавонон аст. Ҷавонони имрӯз бояд донанд, ки озодиву ободӣ ва амну суботи имрӯз
бо чӣ қимате ба даст омадааст ва вазифадоранд онро чун гавҳараки чашм ҳифз
намоянд.
Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз дар остонаи
марҳалаҳои нави рушду тараққиёт қарор дорад, беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдату
ягонагӣ ниёз дорад. Зеро танҳо дар фазои сулҳу субот ва муҳити муттаҳид метавон
ба ҳадафҳои бузург — Тоҷикистон кишваре пешрафта, обод ва бофарҳанг — ноил
гардид.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва сарвати
арзишмандест, ки набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш шавад. Ҳар як шахс, новобаста аз
мансабу мақом ва мансубияти иҷтимоӣ, бояд дар роҳи ҳифзу тақвияти он саҳми
арзандаи худро гузорад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам
ободтар, музаффар ва шукуфон бинем.
ОДИЛЗОДА Исмоил Ёқубҷон,
директори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар