
ВАҲДАТ - ДАСТОВАРДИ МУҲИМИ ТАЪРИХӢ
2025-06-21 21:18:51
Таърихи ташаккули ин падида исботи он
аст, ки нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури
замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар
назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ
нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст.
Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги ватани худ, бо хоҳиши худ маҳфуз
нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва
халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд. Дар шароити бавуҷудоии
миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ,
инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллии он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи
давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.
Пешвои миллат изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан
ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии
миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми
пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар
ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Дар замоне, ки
гурӯҳҳои ифротгаро ва найрангбоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавононро ба ҳар навъ
ҳаракатҳои террористӣ ва ниҳоят номатлуб роҳандозӣ мекунанд, вазифаи ҷавонон
зиракии сиёсиро аз даст надода, шомил шудан ба ин гурӯҳҳоро инкор кардан аст.
Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси
ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар
як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад. Маънидод кардани ин ибораҳо ба соатҳои
зиёд ниёз дорад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан
яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе
миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба
арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда
наметавонад. Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва
фиребу найранги ашхоси бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор
намуд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз
манфиат дур нест.
Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, ки имрӯзҳо мардуми озоди
кишвар меҳнати софдилонаи худро давом дода, ҳаёти хушбахтона гузаронида
истодаанд. Аз ҷумла мо ҷавонони насли хушбахтарини ҷаҳонем, ки дар замони сулҳу
осоиштагӣ зиндагӣ менамоем ва аз ин иқболи баланди худ меболем. Бигзор ба бахти
мо сулҳ пойдор бошаду осмон ҳамеша софу беғубор бимонад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам
овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар
кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар
гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати
соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Зайнура ШОДИЕВА,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент