
БУЗУРГИИ МО - ДАР ВАҲДАТИ МИЛЛИСТ
2025-06-25 17:11:28
Имсол мардуми сарбаланди тоҷик
28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо
дастовардҳои назаррас таҷлил менамояд. Ин ваҳдати сарнавиштсоз дар пайи талошу
ҷонбозиҳои фарзанди шуҷоъу хирадманди миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст
омад.
Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки
Тоҷикистонро пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 аз вартаи нобудӣ наҷот
бахшид ва ба роҳи рушд ва шукуфоӣ равона кард. Он ҷанги харобиовар ба давлат ва
мардум зарари бузурги моддию ҷонӣ расонд. Дар он рӯзҳо истиқлоли давлатӣ,
тамомияти арзӣ ва ҳатто ҳастии миллат зери таҳдид қарор дошт.
Гурӯҳҳои мухталиф бо дастгирии
қувваҳои хориҷӣ барои соҳиб шудан ба ҳокимият талош мекарданд ва мақомоти
давлатӣ фалаҷ шуда буданд. Дар чунин шароити буҳронӣ, маҳз ҷасорат, ирода ва
садоқати Пешвои миллат буд, ки миллатро сарҷамъ кард. Бо суханони таърихии худ:
«Ман ба Шумо сулҳ меорам» - Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми озордидаи тоҷик умеду
бовар бахшид ва ба ваъдаи худ вафо кард. Ҷомеа, ки дигар бовар ба оянда надошт,
бо раҳбарии ин шахсияти таърихӣ дубора ба зиндагӣ рӯ овард ва роҳи сулҳу
суботро пеш гирифт.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори
сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав пас аз
8 даври музокироти душвор миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди
неруҳои мухолифин як рӯйдоди тақдирсоз барои давлат ва миллат гардид. Аз ҳамон
рӯз Тоҷикистон марҳилаи нав ва устувори рушдро оғоз намуд.
Пас аз ба даст омадани ваҳдати
миллӣ, як қатор омилҳои муҳим амалӣ шуданд, ки аз бузургии фикрӣ ва сиёсати
дурбинонаи давлат шаҳодат медиҳанд:
Қабули барномаҳо ва стратегияҳои
муҳими давлатӣ;
Баланд гардидани ҳисси худшиносии
миллӣ ва омӯзиши таърихи миллат;
Тақвияти ватандӯстӣ ва
масъулиятшиносии шаҳрвандон;
Амалӣ намудани се ҳадафи
стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва
истиқлолияти энергетикӣ;
Бунёди роҳҳо ва инфрасохтори
муосир, ки тамоми минтақаҳои кишварро бо ҳам мепайванданд;
Таҳкими нақши муассисаҳои
таҳсилоти олӣ ва миёна ҳамчун омили ваҳдатофар;
Рушди шаҳри Душанбе ҳамчун
маркази ваҳдати миллӣ ва пойтахти воқеии давлатдорӣ;
Сохтмони НБО Роғун — ҳамчун рамзи
ваҳдат ва заҳмати муштараки тамоми минтақаҳо;
Иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар
ташаббусҳои байналмилалӣ, хусусан дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи муҳити
зист.
Таҷрибаи Тоҷикистони
соҳибистиқлол исбот намуд, ки бе ваҳдат ҳеҷ миллат наметавонад ба сулҳу субот
ва рушди устувор ноил гардад. Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ, якдилӣ,
баробарҳуқуқӣ ва кафили ояндаи дурахшони давлат мебошад.
Имрӯз, бо ифтихор метавон гуфт,
ки пойдории сулҳу ваҳдат заминаи асосии муваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва
иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин дастоварди бузургро мо бояд бо тамоми
ҳастӣ ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда ҳамчун арзиши муқаддас мерос гузорем.
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ,
ҳамаи ҳамватанонро самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву
амонӣ, саодат ва ба Тоҷикистони азизамон рушду пешрафти ҳамешагӣ таманно дорем.
Бигузор дастовардҳои ваҳдату истиқлол ва ормонҳои созандаи миллат ҳамеша
илҳомбахши роҳи фардои нек бошанд!
Ҳафизов А.Х., муовини директор
оид ба таълими амалӣ
Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар