ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – 2025
2026-02-09 10:19:52
Солномаи
Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ
Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода ва нашр гардид.
Матни
Солномаи Пешвои миллат дар соли 2025 дар сомонаҳои расмии president.tj, khovar.tj ва матбуоти даврӣ пешкаши хонандагон карда мешавад.
Хотиррасон
менамоем, ки ҳамасола хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳияи филмҳо, мақола ва китоб фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони Солномаи Пешвои миллат нашр менамояд.