Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
single-product

САДА – ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН

2026-02-09 10:12:55

Сада яке аз ҷашнҳои эронитабор ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ (30-юми январ) баргузор мешавад. Аз давраҳои бостонӣ то имрӯз баргузории иду ҷашнҳо дар ҳаёти инсон нақши муассир дошта, ба ҷузъи муҳимми ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии онон мубаддал гаштааст. Иду ҷашнҳо дар доираи ин ё он миллат арзи вуҷуд намудаву шакл гирифта, дар раванди таърих қисме дар миёни ҳамон миллат боқӣ мондаанд ва бархе ба муҳити халқҳои дигар низ роҳ ёфтаанд.

Ин ҷашн ёдгориест аз даврони ориёиҳо, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши онро ба паҳлавони асотирӣ – Ҳушанг нисбат медиҳанд. Аз он ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” оид ба бунёд гузоштани ҷашни Сада чунин ҳикоят мекунад, ки боре шоҳ Ҳушанг бо наздиконаш ба шикор меравад ва дар кӯҳсор мори дарозу тирарангро мебинад.

Ҳушанг санги калонеро бардошта ба сӯйи мор ҳаво медиҳад, мор гурехта меравад, аммо ин санг ба санги дигар бар мехӯрду аз санг шарора меҷаҳад ва хасу хошоки хушк оташ мегиранд. Мардум то ин вақт тарзи афрӯхтани оташро намедонистанд ва Ҳушангу наздиконаш аз ошкор шудани рози оташафрӯзӣ шод шуда, онро неъмати худовандӣ мехонанд. Шоҳ Ҳушанг ба Худо шукр мекунад, ки ба мардум сирри афрӯхтани оташро ошкор намуд ва ӯ ба шаҳраш баргашта, ин рӯйдодро ҷашн мегирад.

Бино ба ақидаи олимону нависандагони мардумшинос таърихи пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад.

Воқеан, баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар ҷумҳуриамон суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлилашон низ манъ гардидаву қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихи халқамон боқӣ монда буданду халос. Бо шарофати Истиқлолият масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, аз гузашта ёд намудан ва зинда намудани чеҳраҳои таърихию фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик, ба ҷойи аввал гузошта шуд.

Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва вазифаи ҳар фарди бедордил ин аст, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро дуруст аз бар намояд ва ба он сидқан арҷ гузорад.

Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирузии рушноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд. Ғояии асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекарданд. Муроду максади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.

Сада ҷашни пиру ҷавон, зану мард ва дар маҷмуъ ҳамаи шаҳрвандон аст. Он ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надошт ва надорад. Метавон гуфт, ки сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, ҳамчун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад.

Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Мардум ба хусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.

Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он, ин аст, ки “сада” аз шумораи сад гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.

Дар бораи пайдоиши ин ҷашн назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар он замонҳо бар зидди торикӣ Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ва ҳамзамон қавмҳои зиёди олам онро ситоиш ва парастиш менамуданд».

Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар дарбор ва байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои 12-13 бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт ва дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои Меҳргон ва Сада расман рӯзҳои муайяни таҷлил дорад.

Боиси сарфарозӣ аст, ки дар кишвари офтобрӯяи мо расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хосса мебошад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҳамешаги Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз бо пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар байни мардум густариш пайдо намуд.

Бо умри дубора ёфтани ҷашни Сада анъанаи тавсифу тасвири он дар назми муосири тоҷикӣ, хеле бузург аст. Ба таври мисол, Озар дар бораи ҷашни сада мегӯяд:

Чист, эй дӯст, Сада?

Сада оғози яке соли пур аз иқбол аст.

Сада мероси Ҷаму Афредун,

Сада, ин Нораку Роғун,

Сада, ин партави хуршедии истиқлол аст!

Аз ин рӯ, ҳадафи шоир аз як тараф тавсифи ҷашни хусравони ориёӣ ва моҳияти табиии он бошад, аз ҷониби дигар, тарғибу ташвиқи худшиносии миллӣ ва таърихиву фарҳангӣ буда, ба баланд бардоштани ҳувияти миллии тоҷикон таъсири мусбат мерасонад.

Ҳамчунин бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба ҳамагон омӯхта шуда, тамоми сокинони ҷумҳурӣ онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин ба он оварда мерасонад, ки ҳувияти миллиамон боз ҳам қавитар ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёгон бештар бархӯрдор гардад.

АЛИЗОДА Алишер Алиҷон,

директори Коллеҷи санъати шаҳри

Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов