ХИЗМАТ БА ВАТАН - МАКТАБИ ЗИНДАГӢ
2026-02-10 09:30:57
Хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавони ватандӯст қарзи муқаддас ва ифтихори бузург мебошад. Ман ҳамчун хатмкардаи Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом ва имрӯз омӯзгори ҳамин муассисаи таълимӣ бо ифтихор аз он ёд меорам, ки роҳи зиндагии ман аз курсии донишҷӯӣ то сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгашт ба коллеҷ ҳамчун корманди он гузаштааст.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба ман дарси воқеии
ватандӯстӣ, интизом ва масъулиятшиносиро омӯзонд. Ин мактаб на танҳо ҷисман,
балки маънан низ инсонро қавӣ месозад. Дар ҳамин давра ман дарк кардам, ки
ҳифзи сулҳу суботи кишвар вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, идомаи фаъолият дар
коллеҷ барои ман идомаи хидмат ба Ватан дар шакли дигар гардид — тавассути
омӯзишу тарбияи насли наврас.
Имрӯз ман мекӯшам, ки дар баробари дониш, эҳсоси
худшиносии миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро дар
қалби донишҷӯён парвариш намоям.
Иди Артиши миллӣ на танҳо иди сарбозону афсарон,
балки ҷашни тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Зеро амнияту оромии кишвар натиҷаи
ҷоннисорӣ ва заҳмати шабонарӯзии фарзандони шуҷои Ватан мебошад.
Ба муносибати Иди Артиши миллӣ ба ҳамаи хизматчиёни
ҳарбӣ саломатӣ, сарбаландӣ ва муваффақият орзумандам. Бигзор Артиши миллии
Тоҷикистон ҳамеша нерӯманд, Ватан обод ва осмони кишвар софу ором бошад!