ФАРҲОД РАҲИМӢ: БЕШ АЗ 47 САНАДИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ТАҲИЯ ШУД
2026-02-09 10:33:07
Соли
2025 дар самти таъминоти ҳуқуқии соҳа дастовардҳои назаррас ба даст омада, аз
ҷониби Кумита 47 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуд, аз ҷумла лоиҳаҳои қарорҳои
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои дохилиидоравӣ. Дар ин бора Раиси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба
гуфтаи раиси Кумита, 4 санади муҳими қонунгузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонун «Дар
бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» таҳия
шуда, қонуни аввал бо дастгирии ниҳодҳои дахлдор қабул гардида ва қонуни дуюм
дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Раиси
Кумита афзуд, ки таҳкими заминаи ҳуқуқӣ шарти асосии рушди устувори соҳа буда,
ин раванд дар солҳои минбаъда низ идома меёбад.