Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Объявление
  • > ИШҚОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

ИШҚОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

2025-07-29 20:25:22

КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҚОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

1.      Сардори шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2967, 80 сомонӣ.

2.      Сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204, 00 сомонӣ.

3.      Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2204, 00 сомонӣ.

4.      Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқ, коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1768, 00 сомонӣ.

5.      Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1768, 00 сомонӣ.

6.      Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1768, 00 сомонӣ.

7.      Мутахассиси шуъбаи банақшагирии молиявии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484, 80 сомонӣ.

8.      Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484, 80 сомонӣ

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо

- 6 дона расм (3 дона андозаи 3х4 ва 3 дона андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

- маълумотнома аз ВКД (оиди доштан ё надоштани доқи судӣ)

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (Эъломия);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи СИН;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ

барои ишқоли мансаби сардори шуъба:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишқолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишқоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишқолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

барои ишқоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишқолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишқоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишқолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

– кор карда тавонистан бо компютер.

Суроқаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Варзишгарон 6, телефон: 250-37-02; 902-77-66-22, суроқаи электронӣ: kadr-07@bk.ru

ЭЗОҲ: ИЛОВАПУЛӢ БА МАОШИ МАНСАБӢ БАРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАР МОҲ БА АНДОЗАИ МУҚАРРАРГАРДИДА ПАРДОХТ КАРДА МЕШАВАД.