Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Объявление
  • > ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

2025-04-22 12:26:01

Бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, соли дуюм аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Бо Низомномаи озмун дар ин ҷо шинос шавед.


Бо қарори Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «____» ______ соли 2025, №_____ тасдиқ шудааст. Раиси Шуро _________________ Ҷ. Файзализода

Низомномаи

 Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» (минбаъд Озмун) дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 дар бораи тасдиқи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 баргузор карда мешавад.

1.2. Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Эмомалӣ 1 Раҳмон миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.

1.3. Озмун дар роҳи рўй овардан ба ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба омўзиши осори пурғановати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ў, ваҳдатофаринӣ, инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои шоистаи фаъолияти роҳбарии ў дар самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши созгор хоҳад дошт.

1.4. Иштирокдорони Озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) мебошанд.

 2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

2.1. Сарпарасти Озмун, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Китобхонаи миллӣ) мебошад.

2.2. Масъулони баргузории Озмун, Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

2.3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғибу ҷалби иштирокчиён ва ҷараёни баргузории Озмун иштирок мекунанд.

2 2.4. Ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даври якуми Озмун масъул мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

3.1. Барои гузаронидани Озмун, комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд – Комиссияи Озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он аз ҷониби директори Китобхонаи миллӣ тасдиқ карда мешавад.

 3.2. Комиссия аз раис, муовин, аъзоён ва котиб иборат мебошад.

3.3. Ваколатҳои Комиссияи Озмун: - таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он; - тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун; - пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даври дуюми Озмун; - бо ширкати ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ; - назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун; - омўзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокдорони Озмун ба даври ниҳоӣ; - баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикоятҳои иштирокдорон; - тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври дуюми Озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

4.1. Озмун аз ду давр иборат буда, аз моҳи май то октябри соли 2025 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: - даври якум – моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ; - даври дуюм – ҳафтаи чоруми моҳи сентябр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум дар Китобхонаи миллӣ. 3 4.2. Протоколи ҷамъбасти даври якум ба Комиссияи Озмун бо тасдиқи ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва имзои раисони ҳакамони даври якум пешниҳод мешавад. 4.3. Шумораи ғолибони даври якум, ки ба даври дуюм пешниҳод мешаванд, набояд аз 2 нафар зиёд бошанд. 4.4. Иштирокдорон новобаста аз зодгоҳ ва маҳалли зисташон аз номи муассисаи таълимие, ки дар он донишҷў мебошанд, баромад мекунанд. 4.5. Ҷараёни баргузории даври якум тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва телевизиону радиоҳои маҳаллӣ, даври дуюм тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин дигар воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос ва пахш карда мешавад. 4.6. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи Озмун то 20 июли соли 2025 муқаррар карда мешавад. 4.7. Дар даври дуюми Озмун, ғолибони даври якум ба ду гурўҳ ҷудо гардида, гурўҳи якум миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва гурўҳи дуюм миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз озмун мегузаранд. 4.8. Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун мебошанд. 5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН 5.1. Дар Озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (магистр ва бакалавр) иштирок карда метавонанд. 4 5.2. Шартҳои ташкил ва баргузории Озмун аз ҷониби Комиссияи Озмун назорат карда мешавад. 5.3. Дар вақти холгузорӣ ба савияи дониши довталабон ва баёни мантиқии муҳтавои асарҳои Пешвои миллат ва амалӣ гардидани рўйдодҳои фараҳбахши миллӣ, ки бевосита бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастанд, бартарӣ дода мешавад. 5.4. Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад. 5.5. Дар даври дуюм иштирокдорон шарҳи ҳоли мухтасари худро бо гузоштани имзо ва нусхаи протоколи даври якум ба Комиссияи Озмун ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд (ҳуҷҷатҳои мазкур дар ду нусха ба даври дуюм пешниҳод карда мешаванд). 5.6. Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ як нафарро котиби масъули даври якуми Озмун таъйин менамоянд. Котиби масъули даври якум ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 5.5.-и Низомномаи мазкур санҷида, дар асоси санад онҳоро ба Комиссияи Озмун пешниҳод мекунанд. Котибони Озмун вақт ва ҷойи баргузории Озмунро ба иштирокдорон ҳатман хабар медиҳанд. 5.7. Ғолибони даври дуюми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, то се соли минбаъда дар Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок карданро надоранд. 6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН 6.1. Донишҳои азбарнамудаи иштирокдорони Озмун тибқи мазмуни асарҳои Пешвои миллат муайян карда мешавад, аз ҷумла: - донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат; - доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат; - қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5 - баёни порчаҳои муҳимми асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои Пешвои миллат; - донистани санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик; - донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд; - қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ. 7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН 7.1. Ҳайати ҳакамони Озмун ба савияи дониши сиёсию фарҳангии иштирокдорон аз рўйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд: - ба ҳар як довталаб барои муаррифии ҳаёту фаъолият, мактаби давлатдорӣ, пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва китобҳои Пешвои миллат, инчунин асарҳои дигари таърихӣ ба муҳлати то 10 дақиқа вақт дода мешавад; - бо мақсади баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10- хола муқаррар карда мешавад. Довталаб барои донистани ҳаёту фаъолият, хизматҳои шоиста ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб – то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад. 8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН 8.1. Ҳайати ҳакамони даври якуми Озмунро ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд. 8.2. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунанд: 6 - саводу дониш ва маҳорату истеъдоди довталабонро натиҷагирӣ мекунанд; - холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибонро муайян менамоянд; - натиҷаи Озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ менамоянд. 8.3. Ба ҳайати ҳакамон олимону адибон, роҳбарони китобхонаҳо ва омўзгорон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон набояд аз 5 нафар зиёд бошад. 8.4. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври дуюм дар Комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад. 8.5. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгўй набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, Комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад. 9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН 9.1. Хароҷоти даври якум ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ба даври дуюми Озмун, будубоши онҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохт карда мешавад. 9.2. Ғолибони даври якум ва дуюми Озмун, инчунин иштирокдорони фаъоли он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм инчунин, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. 9.3. Хароҷоти баргузории чорабинии даври дуюми Озмун аз суратҳисоби махсуси Китобхонаи миллӣ пардохт карда мешавад. 9.4. Ба ғолибон ва иштирокдорони фаъоли даври дуюми Озмун тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои 7 пешбинигардидаи Китобхонаи миллӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад. 9.5. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳар ду даврҳои Озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад. 10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОЙИ ЯКУМ 10.1. Ҷойи якум ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст. 11. ИМТИЁЗҲО 11.1. Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти олӣ, бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Тартиби қабулро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 11.2. Ғолибони даври дуюми Озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ гардида, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои маърифатию сиёсӣ ва гурўҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пайдо менамоянд. 11.3. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 5 сол нигоҳдорӣ намуда, сипас ба бойгонӣ месупорад. 8 Замимаи 1 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия; - раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия; - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия; - директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссия. Аъзои Комиссия: - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; - ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 9 - директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм. Замимаи 2 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷом, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ба ғолибони ҷойҳои дуюм, сеюм ва ифтихорӣ диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ғолибон ба ду гурўҳ ҷудо карда мешавад: 1. Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. 2. Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони Озмун ба таври зерин муқаррар карда мешаванд: - барои ҷойҳои якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); - барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); 10 - барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурўҳ) – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); Ҳамагӣ: 100 000 сомонӣ.