Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА ЭММАНУЭЛ МАКРОН МУЛОҚОТ НАМУДАНД
single-product

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА ЭММАНУЭЛ МАКРОН МУЛОҚОТ НАМУДАНД

2025-09-24 19:04:59

Дар фароварди сафар ба шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешбурди ташаббусҳои муштараки ду кишвар, аз ҷумла дар мавзӯъҳои обу иқлим, баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, атрофи дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судманд сурат гирифт.