Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗАРУРАТИ ЭЪЛОНИ «СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
single-product

ЗАРУРАТИ ЭЪЛОНИ «СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

2025-09-24 10:35:05

Дар ҷаҳони муосир, ки тақдири давлатҳо ва ҷомеаҳо ба ҳам пайваставу вобаста шудааст, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба унсури асосии таъмини сулҳу субот ва устувории низоми ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, имрӯз мо шоҳиди нодида гирифтани қонунҳои байналмилалӣ ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳастем, ки ин амр ба мушкилоти густурда дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва муноқишаҳои зиёд дар сатҳи ҷаҳон оварда мерасонад.

Дар ҳамин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки «Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад». Ин пешниҳод яке аз иқдомҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он таҳкими фарҳанги риояи қонун ва адолат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар замоне, ки низоъҳои байнидавлатӣ бо шаклҳои гуногун авҷ мегиранд, аз ҷумла муноқишаҳои мусаллаҳона, тазоҳуротҳои сиёсӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ, зарурати таъсиси механизмҳои муассири ҳалли низоъҳо бештар эҳсос мешавад. Ҳалли муноқишаҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва мувофиқаи тарафайн яке аз василаҳои самараноки нигоҳ доштани сулҳ ва оромии ҷомеаҳои байналмилалӣ аст. Дар акси ҳол, ноқис будани маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром надоштани меъёрҳои байналмилалӣ метавонад ба муноқишаҳои бештар, бад шудани вазъи башарӣ ва тағйирёбии манфии низоми ҷаҳонӣ оварда расонад.

Таълим ва паҳн кардани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи пешгирии нофаҳмӣ ва ихтилофот дар муносибатҳои байналхалқӣ нақши муҳим мебозад. Маълумоти кофӣ ва дуруст дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлатҳо ва шахсони алоҳида метавонад муҳити эътимод ва ҳамкории созандаро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким бахшад.

Ташаббуси Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, барои эълон намудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми муфид ва саривақтӣ мебошад. Бо чунин иқдом, сатҳи огоҳӣ дар байни кишварҳо ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ дар бораи аҳамияти риояи қонун ва ҳалли низоъҳо дар доираи ҳуқуқҳои байналмилалӣ метавонад боло равад. Ин пешниҳод, инчунин, таҳкими фарҳанги шаффофият ва адолатро ба хотир меорад, ки яке аз заминаҳои асосии рушди устувор ва сулҳу субот дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Сарвари давлати мо дар суханрониашон ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро даъват карданд, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва барои таъмини иҷрои меъёрҳои ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ саъю талош кунанд. Ин даъват метавонад таъсири мусбат дар равандҳои дипломатӣ ва ҳуқуқӣ дошта бошад, ки ба таҷдиди эътимод ва ҳамкорӣ миёни кишварҳо мусоидат менамояд.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки дар суханронии Президенти Тоҷикистон таъкид шуд, зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва ҳаллу фасли низоъҳо дар доираи қонун мебошад. Қонунҳои байналмилалӣ ҳамчун пояи асосии муносибатҳои байнимамлакатӣ ва воситаи ҳалли низоъҳо бояд эҳтиром ва риоя шаванд. Дар сурати вайроншавии ин меъёрҳо, низоъҳо ба вуҷуд меоянд, ки онҳо метавонанд ба таъсири манфӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, таъхири рушди иқтисодӣ ва эҳтимоли афзоиши хатарҳои башарӣ оварда расонанд.

Ба ҳамин тартиб, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омӯзиши амиқ ва фаҳмиш дар бораи меъёрҳои ҳуқуқӣ, тарзи татбиқи онҳо ва василаҳои ҳалли низоъҳо дар доираи қонун, имконият медиҳад, ки ҷомеаҳо ва кишварҳо бо рӯҳияи ҳалли осоиштаи ихтилофот дар ҳаёти байналмилалӣ амал намоянд.

Хулоса, пешниҳоди эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» як иқдоми муҳими байналмилалӣ ва таърихист, ки метавонад ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва таъмини сулҳу амният дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кунад. Дар шароити мураккаби муноқишаҳо ва низоъҳои байналмилалӣ, ки ба оромии башарият таҳдид мекунанд, ин ташаббус метавонад ҳамчун пояи нави устувории низоми ҷаҳонӣ нақши муҳим бозад.

Бо ҳамроҳшавии кишварҳои аъзо ва таҳкими фарҳанги шаффофият ва адолат, Тоҷикистон барои таъмини муҳити сулҳҷӯёна ва муътадил дар сатҳи байналмилалӣ намунаи хубе пешкаш кардааст. Риояи қатъии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ бояд дар авлавияти сиёсати ҷаҳонӣ қарор гирад, то ояндаи дунё бо сулҳу субот ва пешрафти устувор таъмин гардад.

 

ШАРИФЗОДА Шамъигул Гадомад,

директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар