Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗИМ –ВАБОИ АСР
single-product

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗИМ –ВАБОИ АСР

2025-09-24 08:14:28

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Ифротгароӣ ва терроризм яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.

Айни замон зуҳури терроризм воқеияти муосири муносибатҳо буда, новобаста аз минтақаи истиқомат одамият метавонад ба амалҳои террористон дучор шавад. Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи номатлуб наҷот ёбанд. Аввалин кӯшиши мубориза ба муқобили терроризмро Лигаи Миллатҳо соли 1937 дар асоси қабули Конвенсия «Оид ба пешгирии терроризм ва муҷозот барои амалиёти террористӣ» ба миён оварда буд.

Дар тӯли даҳсолаҳои охир, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии универсалӣ таҳия намудааст, ки шумори онҳо беш аз 13 конвенсия ва якчанд протоколҳои иловагӣ, инчунин як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи терроризм ва мубориза зидди ин падидаи манфурро дар бар мегиранд. Дар якҷоягӣ, онҳо ҳимоякунандаи чархи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи терроризмро ташкил медиҳанд.

Аз таҳлили конвенсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ қабул шудаанд ба хулоса омадан мумкинаст, ки ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ тӯли солҳо заминаи ҷиддии ҳуқуқиро барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ фароҳам овардааст. Давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебояд саъй кунанд, ки барои мувофиқат ва бастани конвенсияи ҳамаҷониба дар бораи терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои ҳалнашуда дар мавриди таърифи ҳуқуқии миқёси дар асоси ин конвенсияҳои фарогир муносибат намоянд, то ки онҳо ҳамчун воситаи муассири мубориза бо терроризм хидмат кунад.

Терористҳоро умуман ба ду гурӯҳ тақсим намудаанд. Террористони муътақид ва террористони муздур ё худфурӯхта. Махсусан ҳамаи гурӯҳҳои террористоию экстремисти, ин гурӯҳое ҳастанд, ки аз номи дини мубини ислом баромад намуда номи дини Исломро дар назари ҷаҳониён ҳамчун як дини қатлу куштор ва бераҳм нишон медиҳанд.Дар ҳоле,ки дини Ислом пайравони худро ҳамеша бо панду насиҳат, илму маърифат, дустиву бародарӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ даъват менамояд.

Дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бонуфузи сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар коҳиш ва пешгирии таҳдидҳои дорои хусусияти террористӣ дошта саҳми назаррас дорад. Ҳамкории минтақавӣ мушкилоти умумиро тавассути такмили ҳамоҳангсозӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаи пешқадам ҳал менамояд. Иҷрои қарорҳои муштараки қабулшуда дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба таҳкими сулҳ ва субот дар соҳаи масъулияти ин созмонҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба чунин проблемаҳои глобалӣ бетараф набуда, бар зидди хатарҳои замони имрӯза ҳамчун дигар давлатҳои дунё ҳадафмандона талошҳои худро амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш пайваста ифода менамояд.

Ман ҳамчун як омӯзгори асил,- дустон, ҳаммаслакони худро даъват менамоям, ки ҳама якҷо муттаҳид дар зери сиёсати ҷавонпарвари Асосгузори сӯлҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада нагузорем, ки ягон гурӯҳе, ягон нафаре аз ин гурӯҳои террористию экстремистӣ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд ва оромию суботи Ватани азизамонро халалдор созанд. Шиори мо ҳамеша бояд ҳамин бошад: «НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ…»

КАРИМОВА Сафаргул Одинаевна,

омӯзгори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ