«СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»: ТАТБИҚИ ТАҶРИБАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН
2025-09-24 10:44:59
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро дар кишвар ҳамчун «Соли
маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда, ин иқдомро
ҳамчун як ташаббуси муҳими миллӣ барои таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва риояи
қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ намуданд.
Бо дарки мушкилоти замони муосир, ки бо нодида гирифтани меъёрҳои ҳуқуқи
байналмилалӣ ва афзоиши низоъҳои байнимамлакатӣ алоқаманд аст, Ҳукумати кишвар кӯшиш намуд, ки сатҳи огоҳӣ ва маърифати
ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ боло барад.
Дар
давоми соли 2024 ҳазорҳо суҳбату вохӯрӣ, барномаҳои таълимӣ ва таблиғотӣ
дар шакли семинарҳо, конфронсҳо ва маъракаҳои иттилоотӣ баргузор шуданд. Ин
тадбирҳо боиси баландшавии сатҳи ҳуқуқдонии шаҳрвандон гардиданд. Дар натиҷа,
таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки маърифати ҳуқуқӣ метавонад сабаби коҳиши
низоъҳои ҳуқуқӣ, болоравии шаффофият ва эътимоди ҷомеа ба низоми қонунгузорӣ
гардад.
Бо
ба даст овардани ин натиҷаҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон
пешниҳод кард, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Соли
байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”-ро эълон кунад.
Ин пешниҳод нишон медиҳад, ки таҷрибаи миллӣ метавонад ҳамчун пойгоҳи муҳим
барои рушди маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат кунад.
Дар
шароити мураккаби ҷаҳонӣ, ки низоъҳо ва поймолшавии ҳуқуқҳои байналмилалӣ зиёд
мешаванд, эълони “Соли
байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” метавонад
воситаи муассир барои таъмини риояи қатъии қонунҳо ва ҳалли осоиштаи низоъҳо
бошад. Тавассути ин ташаббус, сатҳи масъулияти кишварҳо ва ҷомеаҳо дар
муносибатҳои байналхалқӣ баланд шуда, фарҳанги шаффофият ва адолат густариш
меёбад.
Аз
ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон намунаи равшанест, ки нишон медиҳад маърифати ҳуқуқӣ
на танҳо як арзиши назариявӣ, балки як амали воқеӣ ва зарурист, ки метавонад
ҳамчун заминаи устувори сулҳу субот ва ҳамкории байналмилалӣ хизмат кунад.
Пешниҳоди
Тоҷикистон ба СММ барои эълони соли махсуси маърифати ҳуқуқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
имкон медиҳад, ки таваҷҷӯҳро ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва аҳамияти онҳо барои амният
ва рушди устувор бештар равона кунад. Ин иқдом метавонад омили муҳими таҳкими
низоми ҳуқуқӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардад ва ба рушди ҳамкории созанда байни
давлатҳо мусоидат намояд.
ИГАМОВА Ирода
Худойбердиевна,
директори Коллеҷи
омӯзгории ноҳияи Зафаробод,
номзади илмҳои филологӣ