Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПИРЯХҲО - КАФИЛИ САРСАБЗИИ САЙЁРА
single-product

ПИРЯХҲО - КАФИЛИ САРСАБЗИИ САЙЁРА

2025-05-30 20:18:27

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар минбарҳои баланди байналмилалӣ пайваста бо пешниҳодҳо оиди роҳҳои ҳалли масоили барои ҷаҳониён зарур баромад намуда, доимо ояндаи инсониятро андеша карда, барои ба зиндагии боз ҳам шоиста расидани башарият масъалаҳои зиёдеро ба миён гузошта, барои ҳалли онҳо чораҳои зиёдеро андешидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин дам муаллифи чаҳор ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ: “Соли байналмиллалии оби тоза 2003”, ”Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013”, “Даҳсолаи байналмиллалии амалиёти об барои ҳаёт 2005-2015”, “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” мебошанд ва эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ташаббуси навбатии кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлати мо Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қабул намудааст.

Бояд зикр намуд, давоми солҳои охир таъсири манфии гармшавии иқлим, тасодуфан обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки метавонад оқибатҳои номатлуберо чун, тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқии обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои ахолинишин ба миён орад. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар кишвари мо қариб сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳо аз байн рафт, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Миёна аз он ташкил карда мешавад. Бо дарназардошти ин, кишвари мо дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалии худ барои эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо саъй дорад. Дар робита ба тағйирёбии иқлим, бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи Замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, олами набототу ҳайвонот ва пиряхҳои кишвар олимони моро зарур аст, ки дар ин минтақаҳо якҷо бо олимон тадқиқот, ва мониторинги доимиро ба роҳ монанд».

Вобаста ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз тарафи коршиносони соҳа обшавии пиряхҳо ҳатто дар Антарктида ва Арктика ба қайд гирифта шудааст. Пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии иқлим ба обшавӣ дучор шуда истодаанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхи калонтарин дар Тоҷикистон – Ванҷяхро (Федченко) мисол оварданд, дарозии он ба 75 километр мерасад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях об шуда истода, майдони он ба 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ихҳор доштанд, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад.Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд.

Бояд зикр намоем, ки қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устуворе ҷиҳати суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд. Ҳамзамон, дар соли 2025 баргузор гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе имконияти хубе барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

Мо мутмаинем, ки ташаббусси навбатии сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои ҷаҳон ва башарият манфиатбахш буда, дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ, ҳамчун замина ҳифзи муҳити солим, сарсабзии сайёра ва ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро таъмин менамояд.

Аҳмадшо Саидзода н.и.п, дотсент, директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе