Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАВОНОН ВА ДАРКИ ВАТАНДӮСТИИ ОНҲО
single-product

ҶАВОНОН ВА ДАРКИ ВАТАНДӮСТИИ ОНҲО

2025-05-26 07:04:01

 «Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар ҳар давру замон ҷавонон пешбаранда ва бунёдгузори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлат буда, ободию осудагӣ ва пешрафти ин ё он ҷомеа дар дасти онҳо мебошад ва давлат ба чунин ҷавонони ободкору озодандеш ниёз дорад. Дар баробари ин кишвари азизи мо, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи тозаи миллат ва пешбарандаи давлат дониста, ояндаи давлату миллатро ба дасти онҳо супоридааст ва борҳо таъқид менамояд, ки «Ҷавонон нерӯи тозаи миллат буда, ояндаи давлат дар дасти онҳост».

Ҳамасола дар тамоми шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишварамон 23- май ҳамчун «Рӯзи Ҷавонон» ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи гузаронидани чунин ҷашнҳои сиёсӣ ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудан буда, дар қалби онҳо бедор кардани муҳаббати Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонон мебошад. Рӯзи ҷавонон ҳамасола дар кишвари азизамон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат имрӯз дар кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба ифтихори “Рӯзи ҷавонон” чорабинии фарҳангӣ бо фарогирии доираи васеи кормандону таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор мегардад.

Умед бар он дорем, ки гузаронидани чунин ҷашнҳо барои куллӣ ҷавонон дарси тарбиявии ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллии Ватан буда, дар қалби онҳо тухми дӯстию рафоқат, адолату некӯкорӣ нисбати Ватан - Модарро мекорад.

Мо, бо истифода аз дастоварҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва дасгирии бевоситаи сарвари маҳбуби кишвар, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни муқаддасро ба кулли мардуми шарифи кишвар самимона табрику муборакбод намуда, ба мардуми шарафманди Тоҷикистон саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони соф ва тамоми хушиҳову хубиҳои зиндагиро орзумандем.

Ҷамила Давлатзода - директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, доктори илмҳои педагогӣ