
“ҶОМИ РАИСИ КУМИТА” ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ОҒОЗ ГАРДИД
2025-05-23 07:54:06
Дар маҷмааи
варзишии Кумитаи андоз даври ниҳоии футболи хурд барои дарёфтӣ “Ҷоми Раиси
Кумита”, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбӣ эълон гардида буд оғоз гардид.
Дар рафти ифтитоҳи
мусобиқаи мазкур, Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми Раиси Кумита,
Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини Раиси Кумита, директорони муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва иштирокчиёни даврии
ниҳоии мусобиқаи мазкур иштирок намуданд.
Чорабини бо садо додани Суруди миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Давлатзода Баҳрулло, чорабиниро оғоз намуда, иброз
дошт, ки футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси
пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дониста шуда, дар самти ташаккули тарзи ҳаёти
солим нақши муҳим мебозад.
“Саннаи 7 май Маҷмаи Умумии Созмони
Милали Муттаҳид қатънома дар бораи 25 май эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро,
ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти
Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд,
қабул кард. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки дар кишвари мо варзиш,
махсусан бозии футбол рушд карда, имрӯз футболбозони тоҷик дар дастаҳоҳои
пешгоми дунё бозӣ мекунанд”, - гуфт муовини якуми Раиси Кумита.
Қайд гардид, ки мусобиқаи мазкур соли дуюм аст бо
сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар
байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,
муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва интихоби
варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини Кумита аст.
Маврид ба зикр аст, ки мусобиқа дар 3
давр баргузор гардида, дар зинаи аввал хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни ҳам рақобат карда, Аз миёни онҳо дастаи
беҳтарин ҳамчун тими муассиса ба даври минтақавӣ роҳхат гирифт.
Дар даври дуюми мусобиқа, ки аз 3 май то
20 май дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Рашт ва шаҳри
Душанбе баргузор гардид, дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
дар алоҳидагӣ рақобат карда, дастаҳои беҳтарин аз ҳар як минтақа ба даври
ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар даври дуюми
мусобиқа 100 даст аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ
иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ 24 даста роҳ ёфтанд, ки миёни ҳам рақобат
хоҳанд кард.
Бозии мазкур то 24 майи соли 2025 идома ёфта дар ҷамъбасти мусобиқа беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаву Ифтихорномаи Кумита сарфароз мегарданд.