Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - ОМИЛИ НАҶОТИ САЙЁРА
single-product

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО - ОМИЛИ НАҶОТИ САЙЁРА

2025-05-30 20:19:55

Пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳимми оби ширин дар саросари ҷаҳон нақши ҳаётан муҳимро бозида, барои таъмини экосистемаҳои гуногун ва фаъолияти инсоният аҳамияти бузург доранд. Тахмин меравад, ки тақрибан 70% оби ширини рӯи Замин дар пиряхҳо нигоҳ дошта мешавад. Ин захираҳо, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, манбаи асосии оби дарёҳо ва системаҳои обёрӣ маҳсуб мешаванд. Вале, бо зиёд шудани ҳарорати миёнаи сайёра дар натиҷаи гармшавии глобалӣ, суръати обшавии пиряхҳо босуръат афзоиш ёфта истодааст.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми сад соли охир масоҳати пиряхҳои ҷаҳон ба таври назаррас коҳиш ёфта, зиёда аз 50% пиряхҳо аз байн рафтаанд. Ин раванд метавонад ба сарнавишти миллиардҳо одамоне, ки ба оби ин пиряхҳо вобастаанд, таъсири манфӣ расонад.

Солҳои охир яке аз мушкилотҳои глобалие, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин обшавии пиряхҳо мебошад. Дар робита ба ин 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бо коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо, ҷараёни оби дарёҳо тағйир меёбад. Дар солҳои аввал, обшавии босуръати пиряхҳо боиси афзоиши оби дарёҳо ва хатари обхезиҳо мегардад. Таъсири манфии обшавии пиряхҳо ба кишоварзӣ, бахусус ба амнияти озуқаворӣ низ хеле ҷиддӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, 80% заминҳои кишоварзӣ тавассути обёрии сунъӣ серҳосил мешаванд. Паст шудани миқдори оби рӯизаминӣ ва хушкшавии чашмаҳо ва дарёҳо боиси кам шудани ҳосилнокии заминҳо ва ҳатто бекор мондани баъзе минтақаҳои кишоварзӣ мегардад. Ин раванд ба амнияти озуқаворӣ таҳдиди ҷиддӣ мекунад, зеро камбуди об сабаби паст шудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва болоравии нархҳои ғизо мегардад. Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2050 нархи маҳсулоти асосии озуқаворӣ метавонад то 30-50% афзоиш ёбад, ки ин ба кишварҳои камбизоат таъсири сахт мерасонад.

Илова бар ин, камшавии захираҳои обӣ метавонад боиси буҳронҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар Осиёи Марказӣ, қаторкӯҳҳои Ҳимолой ва Анд, оби пиряхҳо на танҳо барои кишоварзӣ, балки барои таъмини нерӯи барқ низ истифода мешавад. Маҳз нерӯгоҳҳои обӣ аз манбаъҳои асосии истеҳсоли барқ дар ин минтақаҳо маҳсуб мешаванд. Кам шудани оби дарёҳо метавонад ба фаъолияти нерӯгоҳҳои обӣ таъсир расонида, боиси камбуди нерӯи барқ ва болоравии нархҳои он гардад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, то соли 2040, камшавии захираҳои обӣ метавонад ба поин рафтани иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳои обӣ то 20-30% сабаб шавад.

Аммо дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон НБО Роғун бунёд шуда истодааст, ки нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол хоҳад намуд. Ин нерӯгоҳ на танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ муҳим аст, балки метавонад дар оянда ба содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ мусоидат намояд.

Бо дарназардошти коҳиши захираҳои обӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба фаъолияти нерӯгоҳҳои обӣ, аҳамияти НБО Роғун боз ҳам бештар мегардад. Бо иқтидори пурраи худ, ин нерӯгоҳ метавонад норасоии нерӯи барқро ҷуброн намуда, ба рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақа кӯмак расонад.

Ҳамзамон, истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ метавонанд барои пешгирии буҳронҳои эҳтимолии энергетикӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим бозанд. Аз ин рӯ, рушди инфрасохтори гидроэнергетикӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи истифодаи об ва нерӯи барқ бояд дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа қарор гиранд.

Барои пешгирии оқибатҳои фоҷиабори обшавии пиряхҳо, тадбирҳои мушаххас ва самаранок бояд андешида шаванд. Пеш аз ҳама, давлатҳо бояд сиёсати ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии дурусти захираҳои обиро таҳким бахшанд. Технологияҳои сарфакоронаи обёрӣ, аз қабили истифодаи системаи қатрагӣ ва барномаҳои коркарди дубораи об метавонанд ҳамчун роҳҳои муассир истифода шаванд. Илова бар ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии манбаъҳои обӣ бояд густариш ёбанд. Ташаббуси Тоҷикистон дар эълон гардидани "Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" як қадами муҳимме дар ин самт ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи муҳим равона мекунад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи пиряхҳо назаррас буда, маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи СММ як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор ва пешниҳодҳои созанда ироа шуданд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шуд.

Ҳамин тариқ, обшавии босуръати пиряхҳо як мушкили ҷиддии умумиҷаҳонӣ буда, ба захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсири бевосита мерасонад. Агар чораҳои таъхирнопазир андешида нашаванд, инсоният бо мушкилоти сахти норасоии об, камшавии маҳсулоти озуқаворӣ ва таназзули иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ бояд яке аз самтҳои асосии рушди устувор ва сиёсати экологӣ дар тамоми ҷаҳон гардад.

Нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, тайи 3 рӯз 29-31 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони кишварҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони беш аз 70 ташкилоти минтақавию байналмилалӣ баргузор гашта истодааст.

Итминон дорем, ки баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе натиҷаи хуб дода, ҷиҳати пешгирии обшавии пиряхҳо як қатор корҳо анҷом дода мешавад.

Давлатшоева Рухшона, директори Литсейи касбии насоҷии шаҳри Душанбе