Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > “ҶОМИ РАИСИ КУМИТА” ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИ
single-product

“ҶОМИ РАИСИ КУМИТА” ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ҶАМЪБАСТ ГАРДИ

2025-05-26 07:11:13

Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Раиси Кумита” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили "Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи - Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май Рӯзи ҷаҳони футбол эълон гардидааст баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи мазкур, Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми Раиси Кумита, Ализода Алишер, муовини Раиси Кумита, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Давлатзода Баҳрулло, ифтитоҳ намуда, имброз дошт, ки Имрӯз дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки дар самти варзиш ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.

Қабул гардидани пешниҳод оид ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти намунавии муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии варзишӣ хабар дод. Ин ташаббуси башардӯстона ҷомеаи ҷаҳонро ба олами футбол боз ҳам наздик намуда, ба рушду оммавигардонии футбол нақши беназир мегузорад.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки дар пайравӣ аз ин ташаббус миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакат мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурдро барои дарёфти “Ҷоми раиси Кумита” баргузор менамояд.

Имсол мусобиқа дар 3 давр баргузор гардида, дар зинаи аввал хонандагону донишҷӯёни беш аз 100 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни ҳам рақобат карданд. Аз миёни онҳо дастаи беҳтарин ҳамчун тими муассиса ба даври минтақавӣ роҳхат гирифта 50 даста дар минтақа миёни ҳам рақобат намуда, дар натиҷа 24 дастаи беҳтарин ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд ва давоми 2 рӯз миёни ҳам рақобат карданд. Баъди бозиҳои ҷолибу зебо ғолибони 3 зинаи ифтихорӣ миёни хонандагони муассисаиҳои ттаҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муайян гардида дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври дуюми мусобиқа, ки аз 3 май то 20 май дар минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Рашт ва шаҳри Душанбе баргузор гардида, танҳо ғолибони ҷои якум ва дуюм ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Мақсади он тарғибу ташвиқи футбол дар байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол ва ҷалби беҳтаринҳо ба дастаи Кумита мебошад.

Ғолибон миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ:

1.Литсейи касби техникии саноати кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷойи аввал,

2.Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат ҷойи 2-юм

3.Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе ҷойи 3 -юм

Ғолибон миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ:

1.Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ҷойи аввал

2. Коллеҷи тибби ғайридавлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷойи 2-юм

3.Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷойи 3-юм

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон Диплом, “Ҷоми Раиси Кумита” Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.