Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ
single-product

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

2025-05-26 07:14:50

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдончаи футболи хурд ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Диловар Пирзода, Хоҷазода Даврон, директори коллеҷ ваомӯзгону кормандони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Майдончаи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҷамоати шаҳраки Сомониён сохта шуда, ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар Рӯзи ҷаҳонии футбол ба донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳия тақдим гардид.

Сохтмони чунин иншооти варзишӣ на танҳо шароити беҳтар барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад, балки ба ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, хусусан футбол, мусоидат менамояд.

Зимни суханронӣ раиси ноҳия иброз дошт, ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар ҳама гӯшаву канори кишвар чунин иншоотҳои варзишӣ бунёд гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо солимгардонии ҷомеа ва рушди неруи зеҳниву ҷисмонии насли наврасу ҷавон мебошад.

Баъди маросими ифтитоҳ, нахустин бозии дӯстона миёни омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ баргузор гардид, ки фазои ҷашниро боз ҳам шукӯҳмандтар сохт.