Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОИЛА - САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМУ САДОҚАТ, ЯКДИЛӢ ВА ДИЛБАСТАГӢ
single-product

ОИЛА - САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМУ САДОҚАТ, ЯКДИЛӢ ВА ДИЛБАСТАГӢ

2025-05-26 07:03:03

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 15-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1993 бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ҷорӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа ва зеҳннок гардондани аҳамияти тарбияи фарзанд дар муҳити солим мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди оила чунин мефармоянд: «Оила – як ҷузъи муҳими ҷомеа ва асоси давлат аст. Солимии оила – кафили солимии ҷомеа мебошад.» Ин гуфтаҳо ба мо таъкид мекунанд, ки оила танҳо як гурӯҳи шахсони ба ҳам хешутабор набуда, балки муҳити аввалини тарбия, инсонсозӣ ва ахлоқомӯзӣ мебошад.

Дар муҳити хонаводагӣ шахс дарсҳои аввалини муҳаббат, меҳрубонӣ, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулиятро меомӯзад. Модару падар бо рафтору гуфтор ва амалҳои худ фарзандонро ба роҳи дуруст раҳнамоӣ мекунанд. Оила чун муҳити табиии инкишофи шахсияти инсон, бояд аз ҳар ҷиҳат солим бошад: муҳаббат, фаҳмиш, эҳтиром, дастгирӣ ва таҳаммул бояд асоси зиндагии хонаводагӣ гарданд.

Имрӯзҳо дар ҷомеаи мо, бахусус дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногун, эҳтиёҷ ба тарбияи солими фарзандон дар муҳити оилавӣ бештар эҳсос мешавад. Волидайн вазифадоранд, ки на танҳо эҳтиёҷоти моддии фарзандонро таъмин намоянд, балки пеш аз ҳама ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ҷомеаи солим аз оилаи солим оғоз меёбад. Агар мо хоҳем, ки дар ҷомеа сулҳу субот, ахлоқи ҳамида ва муносибатҳои инсонӣ ҳукмфармо бошанд, бояд аз муҳити оила корро оғоз кунем. Қадр намудани волидон, эҳтироми зану шавҳар, муҳаббат ба фарзандон ва ғамхорӣ ба пиронсолон нишонаи фарҳанги волои оиладорӣ аст.

Воқеан ҳам, маҳз аз муҳити хонавода шохаҳои инсоният – ахлоқ, меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва масъулият ба ҷомеа сарчашма мегиранд. Дар ин рӯзҳои пур аз меҳру самимият, ки Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад, бо камоли эҳтиром мехоҳам чанд сухан дар васфи модари азизам баён намоям.

Ман, духтари хонадони Раҳимовҳо, бо ифтихор мегӯям, ки модарам Раҳимова Муътабархон яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанги оиладорӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Волидонам наздик 50 сол мешавад, пайванди муқаддаси хонадориро бастаанд. Модари азизам то имрӯз намунаи зани асил, ҳамсари содиқ ва модари меҳрубонанд.

Дар тамоми солҳои зиндагии муштарак модари мо бо ҷиддият ва меҳрубонӣ талош намудаанд, ки муҳити хонадон солим, самимӣ ва саршор аз муҳаббат бошад. Ӯ ба мо – духтаронаш, аз овони кӯдакӣ маърифати хонаводагӣ, сирру асрори кадбонуӣ ва санъати меҳмондориро ёд дод. Меҳрубонӣ бо наздикон, дастархонороии зебо ва ҳунари пухтупаз бароямон дарси ҳаёт гардиданд. Модар мегуфтанд: «Касе ки рӯзгордориро дар хонаи падар ёд гирад, дар зиндагии оилавӣ сарсону саргардон намешавад».

Модари мо ба хондан ва соҳибилм шудани фарзандон аҳамияти хос медоданд. Ҳоло ҳамаи фарзандонашон – духтарон, писар ва ҳатто келин соҳиби касбу кори муносиб ҳастанд. Ин ғамхории модар буд, ки моро ба зинаҳои муваффақият раҳнамоӣ кард.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мо 4 фарзандем ва ҳоло волидонамон дар атрофи 11 набераву 3 абера камоли пирӣ меронанд. Ӯ на танҳо барои фарзандон, балки барои тамоми аҳли хонавода ва ҳамсоягону наздикон шахси намунавӣ аст. Анъанаи бузурги кӯмак ба мардум, ки аз хусуру хушдоманашон ба мерос мондааст, то имрӯз идома меёбад. Модару падари мо дар рӯзҳои шодӣ ва ғам бо аҳли маҳаллаанд – бо сухани ширин, бо дастгирии самимӣ ва бо қалби бузург.

Ман бо ифтихор мегӯям, ки модари мо на танҳо модар, балки раҳнамо, мураббӣ ва такягоҳи хонаводаанд. Падарам Рахимов Файзуллоҷон низ намунаи олии инсонанд, ки дар тарбияи мо муваффақ шудаанд ва сирри саодатмандиро медонанду ба мо низ меомӯзанд.

Заррина ЁҚУБОВА,

омӯзгори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд