Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҒОЛИБОНИ “ҶОМИ РАИСИ КУМИТА” ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ МУАЙЯН ШУДАНД
single-product

ҒОЛИБОНИ “ҶОМИ РАИСИ КУМИТА” ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ МУАЙЯН ШУДАНД

2025-05-26 07:08:11

Имрӯз дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти мусобиқаи варзишии волейбол, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва кормандону омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти “Ҷоми Раиси Кумита”эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита иштирок ва суханронӣ кард. Ба зикри ӯ, волейбол дар шумори бозиҳои варзишии маъмулу густаришёфтаи ҷаҳон буда, имрӯз ба ин намуди варзиш дар кишвари мо таваҷҷуҳ доранд ва сафи ҳаводорону варзишгарони он пайваста меафзояд.

«Мақсади асосӣ аз амалӣ намудани иқдоми мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи васеи бозии волейбол дар байни аҳолии кишвар, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди волейбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муайян намудани беҳтарин дастаи волейболбозони сохторҳои Кумита маҳсуб меёбад», - иброз дошт Баҳрулло Давлатзода.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур дар 2 давр, муассисавӣ ва минтақавӣ баргузор гардида, даври сеюми он аз 22 то 24 май дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи мазкур дар миёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар сазовори ҷойи 1, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ барандаи мақоми 2, Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан ва Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон сазовори мақоми 3-юм шуданд.

Дар миёни кормандону омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе намояндагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми 1-ум, Коллеҷи техникӣ соҳиби зинаи 2 ва Коллеҷи куҳии ба номи С. Юсупова барандаи ҷойи 3-юм гардиданд.

Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ҷом, медал, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи Кумита қадрдонӣ карда шуданд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур миёни донишҷӯдухтарон баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ буда, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ барои обутоби бадан хеле мусоид мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорону кормандон пайваста ба роҳ монда мешаванд.