Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БО ТАШАББУСИ КУМИТА КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН” БАРГУЗОР ГАРДИД
single-product

БО ТАШАББУСИ КУМИТА КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ “ТОҶИКИСТОН – ПЕШОҲАНГИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР ҶАҲОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

2025-05-28 21:22:10

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон – пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовинони раис Баҳрулло Давлатзода ва Алишер Ализода, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарият, кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити имрӯз гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.

«Дар Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ошомидании сарзамини Тоҷикистон мебошанд. Майдони умумии пиряхҳо 8476,2 километри мураббаъ мебошад, ки қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бинобар гармшавии иқлими сайёра, давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон 1000 пирях об шудааст. Муаммои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо, аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро, нигарон кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай, аз худ дарак дода истодааст», - гуфт академик Фарҳод Раҳимӣ.

Таъкид гардид, ки аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам гаштани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш меёбад.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим эътироф шудааст. Боиси хурсандист, ки ташаббуси панҷуми кишвари мо дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ шуда, тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва аз оғози соли 2025 ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ олимону коршиносони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қодиров Анвар Саидқулович, ходими калони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдуллоҳи Равшан, сармутахасиси Шуъбаи пешгӯии обшиносии Маркази пешгӯии обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Амрулло Сикандаршо, мудири кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Шоназаров Беҳрӯз Баҳромович ба таври ҳузурӣ ва директори Маркази сайёҳии фавқулодда, саломатӣ ва сайёҳии Донишгоҳи Химачал Парадеши шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сандип Кулшрешта, директори Коллеҷи донишҳои тиҷоратии Донишгоҳи марказии Карнатакаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Мехендер Гавинола Редди, профессорони Донишкадаи технологии Чайтания Бхарати шаҳри Ҳайдарободи Ҷумҳурии Ҳиндустон Савмия Кети Редди, Пурна Чандрика ва донишҷӯи Коллеҷи олии технологияҳои информатсионӣ ва навини шаҳри Семейи Ҷумҳурии Қазоқистон Рахимбетова Дилназ Айдарбековна тариқи маҷозӣ маърӯза карданд.

single