
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД
2025-05-28 07:45:25
Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба
номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии
«Малакаи касбӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбастии озмуни мазкур,
Дилрабо Мансурӣ - Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ – Раиси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло, Ализода Алишер,
Содиқзода Хурсанд – муовини якуми Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва
илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо
дар Тоҷикистон Раймундас Каробли, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ғолибони озмун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози маросими ҷоизасупори
меҳмонон аз дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри
Душанбе дидан намуданд.
Чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ,
ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» соли дуюм
аст бо ташаббуси Кумита дар ҳамкорӣ Иттиҳоди Аврупо дар доираи дастуру
ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб гардонидани
аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ
дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ агар аз як ҷиҳат
боиси таҳкими дӯстии хонандагон гардад, аз дигар паҳлӯ, ба рушди сайёҳии дохилӣ
замина мегузорад, зеро аксарияти донишҷӯён маҳз бо шарофати чунин сабқатҳо ба
шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои гуногуни кишвар сафар карда, бо таърих, имкониятҳои
сайёҳӣ ва инфросохтори мавҷудааш шинос мешавад. Аз ин рӯ, тасмим дорем, ки дар
оянда чунин озмуну олимпиадаҳо зиёд шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
баргузор намоем.
Хонандагони муассисаҳои таълимӣ
метавонанд дар ҳолати иштироки фаъолона ва ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас
дар озмуни малакаи касбӣ муассисаи таълимиро муаррифӣ намуда, обрӯ ва нуфузи
муассисаи таълимиро баланд бардошта барои ҷалби бештари довталабон ба муассисаи
таълмӣ ва барои ҳавасманд гардидани хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои давом додани таҳсил дар муассисаҳои
таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои
дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони кишвар барои омӯзонидани
касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад.
Дилрабо Мансурӣ, зимни баромади худ иброз дошт, ки бо мақсади пешрафти
зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати
донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар
бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани нерӯи зеҳнӣ ва
касбии коргарии кишвар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Муовини Сарвазир, таъкид намудаанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
касбомӯзии шаҳрвандон ва бо шуғл таъмин кардани нафарони бекорро яке аз самтҳои
афзалиятноки кишвар маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо
меандешад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми навбатиашон «Дар
бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар ба ин нукта
ишора карда, таъкид намуданд, ки «бовар дорам ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд
низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи
худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар
арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Моро месазад, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаҳои насли наврас
ва барои саҳми худро гузоштан дар пешрафти илм ва фарҳанг, чеҳраҳоеро омода
намоем, ки чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи берун аз он номбардори миллат ва
фарҳанги худ бошанд. Маҳз ҳамин гуна озмунҳо боис мегарданд, ки чеҳраҳои нави
донишманд пайдо гардад ва номи миллати тоҷикро дар сартосари ҷаҳон баланд
бардорад, -илова намуд, Дилрабо Мансурӣ.
Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур аз ду давр иборат буда, даври якуми он
миёни хонандагони ҳамаи минтақаҳо аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла системаи
компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил,
тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва
хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил,
дӯзанда, ҳисобдор бо донистани компютер доир шуд. Дар даври якуми озмун аз рӯи
15 ихтисос беш аз 1150 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии
ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо супоридани тест аз рӯи фанни таълимӣ ва нишон
додани маҳорат аз рӯи ихтисос иштирок карданд. Аз ин теъдод 250 нафар ба даври
ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтан.
Даври ниҳоии озмун рӯзҳои 26-27 майи соли равон дар муассисаҳои таълимии
Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии
техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе
баргузор гардид.
Дар маросими ҷамъбаст ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи 15 номинатсия
медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти
ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, «Сипоснома»-и
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақдим мегардад.
Ҳадаф аз баргузории озмун инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амал
истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ,
тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти
хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ
байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.
Дар интиҳои чорабини бо иштироки санъаткорони саршиноси кишвар ва ансанблҳои рақси чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ доир шуд.
