
ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ “ИНСТИТУТИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ”-И НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС ДАР ШАҲРИ МИНСК
2025-05-27 06:09:23
Имрӯз дар
доираи Озмуни VI-уми ҷумҳуриявии малакаҳои касбӣ “ProfSkills Belarus 2025” дар
шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи таълимии “Институти
ҷумҳуриявии таҳсилоти касбӣ”-и назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус
Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак ба имзо расид.
Созишномаи
мазкурро раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ва ректори муассиса Голубовский
Валерий Николаевич ба имзо расонида, иброз доштанд, ки дар асоси санади мазкур
дар оянда ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Белорус, ки барномаҳои таълимии
таҳсилоти касбӣ-техникӣ доранд, рушд намуда, табодули таҷриба ва иштирок дар
конфронсу ҳамоишҳои илмии ҷониби якдигар сурат хоҳад гирифт.
Аз ҷониби
академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид шуд, ки соҳаи таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон чун самти меҳварии фаъолият зери таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат
қарор дошта, доир ба таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари
технологияҳои рақамӣ, усулҳои нави омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили маҳорати
касбии омӯзгорон дар дохилу хориҷ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, беҳтар
кардани шароити таълим, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои хориҷӣ,
тақвият бахшидани корҳои илмӣ, зиёд намудани шумораи олимони соҳа ва дигар
ҷанбаҳои фаъолият пайваста тадбирҳои муассиса андешида мешаванд, ки ҳамкорӣ бо
шарикони рушд ва ниҳодҳои илмии байналмилалӣ дар ин самт ба манфиати ҷонибҳост.
