Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАВОНОН - СОЗАНДАГОНИ ВАТАН!
single-product

ҶАВОНОН - СОЗАНДАГОНИ ВАТАН!

2025-05-26 07:05:06

Имрӯз мардуми созандаи тоҷик дар арафаи таҷлили яке аз санаҳои муҳими замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон-таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор доранд.

Ба ифтихори ин ҷашн, кулли донишҷӯён ва ҷавонони кишварро ба муносибати “Рӯзи ҷавонон” самимона табрик гуфта, барояшон хушбахтию сарфарозӣ, муваффақиятҳои касбиву эҷодӣ, рӯзгори неку осуда, хонаи обод ва сарбаландиро таманно дорем.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сиёсати давлатии ҷавонон равона гардида, имрӯз фаъолият ва саҳми онҳо дар пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бараъло эҳсос мегардад.

Воқеан имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардидаанд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон намудааст.

Боиси ифтихору сарфарозии аҳли ҷавонони мамлакат аст, ки сарвари маҳбуби кишварамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ғамхории доимӣ намуда, ҷавононро ҳамчун нерӯи бузург дар пиёда намудани ҳадафҳои давлату Ҳукумат аз қувваву иқтидори онҳо васеъ истифода менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ироагадидаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2024 қайд доштанд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем"

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод, ташкили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Имрӯз ҷавонони кишвар бо рӯҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ софдилона фаъолият бурда, дар ҳамаи чорабиниҳову маъракаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва маърифативу варзишӣ саҳми назаррас ва нақши боризи худро гузошта истодаанд.

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дар қатори дигар муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта сиёсати муваффақона ва ҷавонпарваронаи Роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати мамлакатро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон идома дода барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Ҷавонони муассиса имрӯз иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллатро даастгирӣ намуда дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд

Ҷавонон умеду орзуи ҷомеа, татбиқкунандаи нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошанд ва вазифадоранд, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву софдилона иҷро намоянд. Зеро ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дасти ин насли бунёдкор буда, тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.

Амирҷон НУРЗОДА, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ