
БАРРАСИИ ТАҚВИЯТИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
2025-05-26 16:15:58
Баргузории силсила мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои
дахлдори шаҳри Душанбе дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи
ватандӯстии шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии
ҳудуди шаҳри Душанбе аз рӯйи усули “факултет ба факултет” ва “курс ба курс” дар
нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон
- омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” роҳандозӣ гардидааст.
Бо
ин мақсад дар асоси нақшаи муштараки муовини Раиси шаҳри Душанбе дар мувофиқа
бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон 26-уми майи 2025 бо ширкати раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи
омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии
илмӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон-омили таҳкими пояҳои
давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Директори Коллеҷ, дотсент Зоир Ғафурӣ дар
бораи сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа аз ҷониби
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, ҷавононро ба худшиносию ватандӯстӣ, арҷ
гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳидоят кард.
Дар идома Шарифов Фарҳод, мудири бахши
таблиғот-иттилоот ва таҳлилии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Рустамзода Саёҳат,
намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
шаҳри Душанбе ва Шафиева Хайриниссо, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри
Душанбе бо маърузаҳои муҳим баромад карда, дар бораи иқдомоту дастгириҳои
беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нисбат ба
наврасону ҷавонон ёдовар шуданд.
Зикр шуд, ки бояд ҷавонон дар ҷавоб ба ин
ҳама ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву
хештаншиносӣ аз пайи омӯзиши донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ шуда, саҳми
худро дар рушд ва муаррифии кишвари соҳибистиқлоламон гузоранд.