Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» ОҒОЗ ГАРДИД
single-product

ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЛАКАИ КАСБӢ» ОҒОЗ ГАРДИД

2025-05-26 16:11:46

Имрӯз дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид.

Дар маросими ититоҳи чорабинӣ муовинони раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, Ализода Алишер Ҳикматулло, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.

Даври ниҳоии озмунро Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди соҳибкасб гардонидани аҳолии мамлакат, ки дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита қарор дорад, гузаронида мешавад, зеро дар ҷаҳони муосир бе доштани ҳунар ва ё ихтисоси мувофиқ шахс наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад ва рӯзу рӯзгорашро пеш барад.

“Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии мошин, челонгар оид ба таъмири муҳаррики мошин, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет-технология, дуредгар, дӯзанда, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ гузаронида мешавад”, - гуфт муовини якуми раис.

Зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фардои дурахшони наврасону ҷавонон ва тамоми шаҳрвандони кишвар барои омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба онҳо пайваста тадбир меандешад. Бо назардошти гузариш ба низоми байналмилалӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати таҳсил озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.

Таъкид шуд, ки мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур аз ду давр иборат буда, даври якуми он миёни хонандагони ҳамаи минтақаҳо аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, дӯзанда, ҳисобдор бо донистани компютер доир шуд. Дар даври якуми озмун аз рӯи 15 ихтисос беш аз 1150 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо супоридани тест аз рӯи фанни таълимӣ ва нишон додани маҳорат аз рӯи ихтисос иштирок карданд. Аз ин теъдод 250 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтан.

Озмун рӯзҳои 26-27 майи соли равон дар муассисаҳои таълимии Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе баргузор гардида, маросими ҷамъбасти он дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маросими ҷамъбаст ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи 15 номинатсия медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, «Сипоснома»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақдим мегардад.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур соли дуюм аст, ки бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амал истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.