Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои охирин

ҳамаи хабарҳо

2025-04-22 12:02:01

ИФРОТГАРОИИ ҶАВОНОН - ХАТАР БА ОЯНДАИ ҶОМЕА

Миёни мардум ҳикматест машҳур, ки «ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст». Агар амиқтар дида андӯзем, бешак, ҳақиқат заволнопазир ва устувору тавоно бувад ва онро нодида гирифтану ба ин ҳикмати баҳснопазиру ҳазорҳо маротиба дар заминаи воқеаҳои таърихӣ собитшуда шубҳа кардан камоли аблаҳист.

Тоҷикистони азизи мо, ки имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаю марҳила ба марҳила, тадриҷан пеш мераваду пайваста ободу зебо, тинҷу осоишта мешавад ва дар кулли ҷодаҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф мегардад, ба ҳамагон аён аст ва ҳатто, шаҳрвандони бурунмарзӣ инро эътироф менамоянду ба миллати сарфарози мо таҳсин мегӯянд.

Бунёдкориву созандагиҳоеро, ки абармардони халқи куҳанбунёди тоҷик, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарозои 34 соли Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ намуданд, таърихи беш аз ҳазорсолаи ин миллати фархунда ёд надорад.

Халқи сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик имрӯз дигар бедору ҳушёр аст ва парчами ваҳдату якдилӣ дар даст дораду бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои хирадманду матинирода ва накукори хеш-Эмомалӣ Раҳмон барои рушди боз ҳам бештари Ватани аҷдодӣ якдилу якҷон ва бо тасмиму қарорҳои наку аз пайи бунёдкориҳои азиму муҳташам аст.

Боиси таассуф аст, ки барои онҳое, ки нотавонбинанду худкоманду тинати нопок доранд, ин ҳама дастовардҳову шарафмандиҳои кишвари хуршедии мо дардовару беқарорсозанд. Ва онҳо аз рӯи ғаразу хусусмат ва ҳасаду рашк ба ҳар васила талош меварзанд, то санги буҳтону иғво ба ин кохи пуршукӯҳу азими ваҳдат биафкананд ва дарди носури хешро таскин бубахшанд. Афсӯс, ки зумрае аз чунин бадтинатону ҳангомасозон ва манфиатҷӯёну ватанбезорони дилкӯр аз байни худи мо-тоҷикзодагон берун ҷастаанд ва чун фарзандони нохалаф хиёнат ба Модар-Ватан кардаанду мекунанд. Иддае аз онҳо бо созмонҳои террористию ифротгаро пайвастаанду қисме дигар, худ дар алоҳидагӣ ба аъмоли хиёнатгароёна ва ваҳшиёна пардохтаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ба ин зумра ашхос роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шомил ҳастанд.

Ифротгароӣ, ки хатари ҷиддӣ ба амнияту субот ва Истиқлолияти ҷумҳурии мо дорад, яке аз масоили муҳим ва мубрам дар замони имрӯз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Дар ин замина зарур аст, ки аҳли ҷомеаро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва созмону гурӯҳҳои ба ном исломии ифротгаро огоҳ намоем, то ба доми амиқи ин қабил афроди тундраву беватан гирифтор нагарданд.

Солҳои охир гаравиши ҷавонони сабукфикр ва каммаърифат ба ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст. Таҳлил ва баррасии иттилои ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи иддае аз ҷавонони гумроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар сафаҳоти шахсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони ифротманиш ва тундгаро ҳанӯз мекӯшанд, ки сафи ҳамақидаҳояшонро биафзоянд. Албатта, ин ҳолат боиси нигаронист. Барои ҷалавгирӣ аз бегонашавӣ ва дигар падидаҳои номатлуб моро мебояд, ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки пиромуни ин мавзӯъ чанд нуктаро баён дорем, то заррае ҳам бошад, дар ин ҷода саҳмгузор гардем.

Бешубҳа, аз ифтихори миллӣ то хиёнат ба Ватан масофаи андаке дар миён аст. Чанд соли охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки аз вазъи осоиштаи мамолик истифода намуда, миёни аҳолии он ҷамоҳир ниҳодҳои динӣ таъсис додаанд, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад. Онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба осонӣ ба гурӯҳҳои хеш шомил месозанд ва дар зеҳнашон идеологияи ғайримақбулро ворид менамоянд.

Надонистани таърих ва аркони саҳеҳи дини ислом, махсусун, фиқҳ ва ақидаи тавҳидӣ, надоштани масъулияти шаҳрвандӣ баъзе ҷавонони беиттилоъ аз Қуръону суннатро бегонапарасту тахрибкор ва хатарзо намудааст. Бисёр таассуфовар аст, ки ин қабил одамон, агар онҳоро «одам» гуфтан ҷоиз бошад, масъулияти инсонгарӣ ва худопарастии худро дар қатлу куштор, тундгӯию тундхӯӣ ва ба куфру бидъат ҳукм намудани дигар мусалмонон медонанд.

Иддае аз ҷавонони гумроҳу бехабар аз дини Исломи ноб аз Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгаро дар мамолики исломӣ гаравидаанд. Онҳо барои дарёфти ормонҳои имонӣ ва исломӣ бехабар аз онанд, ки алакай қурбонии бозингарони мансабхоҳ ва душманони Ватани хеш гардидаанд. Душманони миллати тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ такфир, ифрот ва ситезаҷӯиро таблиғ менамоянд ва ҳаргиз таълимоти саҳеҳу дурусти дини мубини Исломро намеомӯзонанд. Онҳо бо шеваҳои гуногун ва методҳои санҷидашудаи террористон ва экстремистон неруҳои созандаи ҷавонони исломиро бо роҳи фиребу дасиса ба манфиати созмонҳои бадкирдору бадкеши худ истифода мебаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан, меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид».

Дар даврони истиқлолият ифтихори ватандорӣ яке аз маҳакҳои асосии бақои давлат ва миллат маҳсуб меёбад. Тарбия ва мавҷудияти эҳсоси ватандӯстӣ аз падару модар вобастааст. Рафтори намунавии волидайн дар рӯҳияи хештаншиносӣ василаи беҳтарини тарбияи фарзанд мебошад.

Зинатшо ИМАТШОЕВ,

директори Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе

2025-04-22 12:00:15

Мизи мудавар таҳти унвони ДӮСТИИ ХАЛҚҲО-ОМИЛИ АСОСИИ ҲАМГИРОИ ВА РӮЗИ ПОЙТАХТ

Дар асоси дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи корҳои ба нақша гирифтаи кафедра санаи 21.04.2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои 3 аз тарафи омӯзгорони кафедраи Фармакология ва забони лотинӣ бо иштироки Муовини директор оид ба таълими амалӣ Абдулмуминзода Ҳ.А

Декани факултаҳои кори фармасевтӣ баъди хатми синфи "9" Саидзода.Н.Х ва Ғаффурзода Ҳ.Н. мудири кафедраи Фармакогнозия ва кимёи фармасевтӣ Сулаймонова О.Ғ. ва мудири кафедраи Технологияи дорусозӣ ва ташкили иқтисоди фарматсия Ҳасанова З.Ш дар якҷоягӣ бо донишҷӯёни факултетҳои кори фармасевтӣ баъди хатми (9) ва тибби ташхисӣ бахшида ба Рӯзи Пойтахт ва дӯстии се ҳамсояи ҳамсарҳад мизи мудавар баргузор гардид

Намоиши сиёсиро н.и.т Давлатзода А.С оғоз намуда, маърӯза дар мавзуи Дӯстии халқҳо-омилиии асосии ҳамгироӣ ироа намуданд.

Омӯзгорони кафедра Одинаева А.С маърӯза дар мавзӯи Дӯстии абадӣ ва бародарии самими-асоси иттиҳод ва замина барои фардои дурахшон ва

Буриев Ф.Ҳ. маърӯза дар мавзӯи Душанбе имрӯз, зебост фардо зеботар бо видео роликҳо оиди қаҳрамониҳои фарзанди фарзонаи миллат, сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон пешкаши меҳмонон намуданд. Дар анҷоми чорабини муовини директор оид ба таълими амалӣ Абдулмуминзода Ҳ.А барои гузаронидани чунин чорабинии пурмуътаво, сиёсӣ ва ҷиҳати тарбиявӣ доша, изҳори сипос намуда, иброз намуданд,ки Тоҷикистонро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем. Дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.

 

2025-04-21 07:21:45

ДУШАНБЕ - ШАҲРИ ҶАВОНОН ВА МАРКАЗИ ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ИЛМӢ

Имрӯз шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки маркази зебоӣ, фарҳанг, илму маориф ва рушду инкишофи ҷавонон маҳсуб меёбад. Ҷавонони тоҷик дар даврони Истиқлолият таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳои беназири таълимӣ ва илмӣ бархурдоранд, ки ба онҳо имкон медиҳад дар самтҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла илм, технология, иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанг рушд намоянд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, ин фароҳам овардани заминаҳои мустаҳкам барои таҳсил ва касбомӯзии насли наврас дар зинаҳои гуногуни таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ мебошад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даҳҳо донишгоҳу донишкада, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии сатҳи ҷаҳонӣ амал мекунанд, ки муҳити созгор ва имкониятҳои васеъро барои касбомӯзӣ ва рушди тахассусии ҷавонон муҳайё месозанд.

Имкониятҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар Душанбе

Дар пойтахти кишвар донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ амал менамоянд. Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ макони асосии парвариши кадрҳои баландихтисос ба шумор мераванд. Баробари таҳсил дар зинаи бакалавр ва магистр, имрӯз ҷавонон имкони идомаи таҳсил дар зинаи доктор PhD ва доктори илмро низ доранд. Ин раванд дар солҳои охир ба таври ҷиддӣ густариш ёфта, тавассути барномаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ ва дастгирии давлат бо стипендияҳо ва грантҳои таҳқиқотӣ амалӣ мешавад.

Мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҷавонон шароити мусоид фароҳам меоранд, то онҳо тавонанд дар соҳаи илм тадқиқоти амиқ анҷом диҳанд ва ҳамчун докторони илм ба ҷомеа хидмат расонанд. Ба ибораи дигар, Душанбе имрӯз на танҳо маркази таҳсил, балки платформаи рушди илмӣ, инноватсионӣ ва эҷодкорӣ барои ҷавонон аст.

Дастгирии давлатӣ ва муҳити инноватсионӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди илм ва дастгирии ҷавонон, стипендияҳои президентӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ барои донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон муҳити мусоиди пешравиро ба вуҷуд овардаанд. Муассисаҳои инноватсионӣ, марказҳои стартап ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ки дар пойтахт фаъолият доранд, ба ҷавонон имкони амалӣ намудани идеяҳои илмӣ ва тиҷоратиро медиҳанд.

Ҳамчунин, тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ин имкониятҳои байналмилалиро низ барои ҷавонони тоҷик васеъ мегардонад. Дар якҷоягӣ, ҳамаи ин омилҳо сабаби он шудаанд, ки Душанбе имрӯз ба як маркази ҷалби ҷавонони дорои истеъдод ва ҳавасманд ба илм табдил ёбад.

Ҷавонон – ояндасозони миллат

Мо, ҷавонони имрӯза, бояд қадри ин шароит ва имкониятҳоро бидонем ва тамоми нерӯву дониши худро ба таҳсил, илм, таҳқиқот ва хизмат ба Ватан равона намоем. Ба зинаи баландтарини таҳсилот расидан, ба мисли гирифтани дараҷаи доктори илм, танҳо орзу нест, балки ҳадафи воқеиест, ки дар шароити имрӯза дастрас ва амалӣ мебошад.

Душанбе, ҳамчун шаҳри ҷавонон, ҳамаи дарҳоро барои мо боз кардааст. Мо бояд бо истифода аз ин имкониятҳо, на танҳо рушди шахсии хешро таъмин кунем, балки саҳми худро дар пешрафти ҷомеа, давлат ва миллат гузорем. Ҷавонони бомаърифат ва соҳибилм такягоҳи асосии рушди давлат мебошанд.

Хулоса

Дар замони муосир, пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, ба як шаҳри воқеии ҷавонон табдил ёфтааст. Ҷавонон метавонанд дар муҳити солим ва рушддиҳанда таҳсил намоянд, ба илм машғул шаванд, ба зинаҳои баланди тахассусӣ, аз ҷумла доктори илм, расанд ва ҳамчун пешсафони ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд. Барои ин ҳама шароит муҳайёст – фақат ҳавас, меҳнат ва масъулият даркор.

Сарбозов БЕҲРУЗҶОН, мудири шуъбаи таълими Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод

 

 

 

2025-04-19 15:42:44

ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИҚБОЛУ САОДАТ

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола чун анъана ҳар шанбеи сеюми моҳи апрели ҳар сол сокинони шарафманди шаҳри Душанбе ва дар қатори онҳо тамоми шаҳрвандони мамлакат Рӯзи пойтахтро бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг - пойтахти ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Дар канори ин шаҳри нозанин идораҳои муҳимми давлатӣ, марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва дигар иншоотҳои муҳимми идорӣ ҷойгир гашта, пойтахти азизи моро ба яке аз мар­казҳои бузурги илмию фарҳангӣ табдил додаанд.

Ҳамин тариқ, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ватанамон мебошад. Дар домани ҳамешасабзи ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.

Агар ба таърихи шаҳри Душанбе назар афканем, мебинем, ки ҳанӯз каме бештар аз як қарн пеш ин шаҳри имрӯз замонавию пуриқтидор деҳаи хурде буд. Дар замони шуравӣ шаҳри Душанбе тадриҷан васеъ шуда, ободу зебо мегардад ва ҳамчун пойтахт симои худро пайдо карда, сол аз сол ба маркази сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон табдил меёбад. Дар муддати начандон тулонӣ аз як деҳаи хурд ба шаҳри азим табдил ёфтани Душанбе бори дигар дар аснои таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо арзишманд гузоштааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, баракати сулҳу ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ на танҳо сол ба сол, балки рӯз то рӯз симои шаҳри Душанбе боз ҳам дигаргунтар гашта, биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид қабои сабз ба бар намуда, пойтахтро сабзу гулпӯш намуданд, ки ин аз созандагӣ ва меҳанпарастии миллати шарифи мо дарак медиҳад.

Воқеан, пойтахти Ватани маҳбубамон дар ҷодаи ташаккулёбӣ ва ба ҳам омадани нерӯҳои созандаи кишвар нақши муассир дорад, зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа худ кафили осоиши тамоми каламрави мамлакат мебошад.

Дар ҳақиқат, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар ин муддати начандон тулонӣ эъмор гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд. Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёд гардидани Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Пойтахт» барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.

Шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нерӯҳои асосии илмиву техникӣ ва фарҳангиву адабии мамлакат муттаҳид гардида, дар рушду тараққиёти илму фарҳанги ватанӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.

Ободониҳои имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шудаистода, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд ва итминони комил дорем, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қудрати созандаи халқи азизамон шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилоро мегардад.

Аҳмадшо САИДЗОДА,

директори Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе

2025-04-19 15:38:29

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025, ки рӯзҳои 17-18 ҷараён дошт ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини раиси ноҳияи Данғара, Зуҳро Ҳакимзода, роҳбарон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иштирокдорони даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро барои фаъолона ширкат намудан ва то ба ин давр расиданашон таҳният гуфта, зикр кард, ки ҳамаи Шумо барои мо ғолиб ҳастед, зеро то даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтед.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар озмуну олимпиадаҳои гуногун ташкил ва баргузор мегардад, ки олимпиадаи мазкур низ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, - иброз дошт Ф. Раҳимӣ.

Раиси Кумита иброз доштаннд, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат соҳаи таҳсилоти касбӣ ҳамчун самти афзалиятноки соҳаҳои хоҷагии мамлакат таъкид гардида, Сарвари давлат иброз доштанд, ки маблағгузории соҳа сол ба сол афзоиш ёфта, барои баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуданд.

Ёдовар мешавем, ки даври якуми олимпиада, ки моҳи март дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки беш аз 5500 донишҷӯ баргузор шуда, ба даври ниҳоӣ 322 нафар ғолибони ҷойи 1-ум аз 85 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниҳоӣ аз 85 муассиса 322 нафар иштирок намуда, аз 43 муассиса беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад.

Ҳамзамон, донишҷӯёну омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ аз ҷойҳои таърихию саёҳӣ, инчунин аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан намуда, ба худ тассуроти нек бардоштанд.

Марвид ба зикри хос аст, ки ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ инчунин, соҳибкасб намудани шаҳрвандон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №429 аз 6 сентябри соли 2023 Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар охир аз рӯи натиҷаи медаллҳои ба дастоварда Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, сазовори ҷойи аввал, Коллеҷии тиббии шаҳри Бохтар сазовори ҷойи дуюм, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва Коллеҷи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи чорум гардиданд.

 


ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

2025-04-22 12:26:01

Бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.
Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, соли дуюм аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Бо Низомномаи озмун дар ин ҷо шинос шавед.


Бо қарори Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «____» ______ соли 2025, №_____ тасдиқ шудааст. Раиси Шуро _________________ Ҷ. Файзализода

Низомномаи

 Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» (минбаъд Озмун) дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 дар бораи тасдиқи Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 баргузор карда мешавад.

1.2. Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омўзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Эмомалӣ 1 Раҳмон миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.

1.3. Озмун дар роҳи рўй овардан ба ҳувияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносию меҳанпарастӣ ва дар маҷмуъ эҳтирому шукргузорӣ аз истиқлоли сиёсӣ ва ба ин васила ҷалби ҷавонон ба омўзиши осори пурғановати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми назарраси ин шахсияти шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ дар бунёди давлати навини тоҷикон, пайгирии сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи ў, ваҳдатофаринӣ, инсондўстӣ ва дигар паҳлуҳои шоистаи фаъолияти роҳбарии ў дар самти якпорчагии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши созгор хоҳад дошт.

1.4. Иштирокдорони Озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) мебошанд.

 2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

2.1. Сарпарасти Озмун, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Китобхонаи миллӣ) мебошад.

2.2. Масъулони баргузории Озмун, Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

2.3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғибу ҷалби иштирокчиён ва ҷараёни баргузории Озмун иштирок мекунанд.

2 2.4. Ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даври якуми Озмун масъул мебошанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

3.1. Барои гузаронидани Озмун, комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд – Комиссияи Озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он аз ҷониби директори Китобхонаи миллӣ тасдиқ карда мешавад.

 3.2. Комиссия аз раис, муовин, аъзоён ва котиб иборат мебошад.

3.3. Ваколатҳои Комиссияи Озмун: - таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он; - тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун; - пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даври дуюми Озмун; - бо ширкати ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ; - назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун; - омўзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокдорони Озмун ба даври ниҳоӣ; - баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикоятҳои иштирокдорон; - тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври дуюми Озмун.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

4.1. Озмун аз ду давр иборат буда, аз моҳи май то октябри соли 2025 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: - даври якум – моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ; - даври дуюм – ҳафтаи чоруми моҳи сентябр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври якум дар Китобхонаи миллӣ. 3 4.2. Протоколи ҷамъбасти даври якум ба Комиссияи Озмун бо тасдиқи ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва имзои раисони ҳакамони даври якум пешниҳод мешавад. 4.3. Шумораи ғолибони даври якум, ки ба даври дуюм пешниҳод мешаванд, набояд аз 2 нафар зиёд бошанд. 4.4. Иштирокдорон новобаста аз зодгоҳ ва маҳалли зисташон аз номи муассисаи таълимие, ки дар он донишҷў мебошанд, баромад мекунанд. 4.5. Ҷараёни баргузории даври якум тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва телевизиону радиоҳои маҳаллӣ, даври дуюм тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, инчунин дигар воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос ва пахш карда мешавад. 4.6. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври якум барои иштирок дар даври дуюм ба Комиссияи Озмун то 20 июли соли 2025 муқаррар карда мешавад. 4.7. Дар даври дуюми Озмун, ғолибони даври якум ба ду гурўҳ ҷудо гардида, гурўҳи якум миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва гурўҳи дуюм миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз озмун мегузаранд. 4.8. Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун мебошанд. 5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН 5.1. Дар Озмун донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (магистр ва бакалавр) иштирок карда метавонанд. 4 5.2. Шартҳои ташкил ва баргузории Озмун аз ҷониби Комиссияи Озмун назорат карда мешавад. 5.3. Дар вақти холгузорӣ ба савияи дониши довталабон ва баёни мантиқии муҳтавои асарҳои Пешвои миллат ва амалӣ гардидани рўйдодҳои фараҳбахши миллӣ, ки бевосита бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайвастанд, бартарӣ дода мешавад. 5.4. Озмун бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад. 5.5. Дар даври дуюм иштирокдорон шарҳи ҳоли мухтасари худро бо гузоштани имзо ва нусхаи протоколи даври якум ба Комиссияи Озмун ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд (ҳуҷҷатҳои мазкур дар ду нусха ба даври дуюм пешниҳод карда мешаванд). 5.6. Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ як нафарро котиби масъули даври якуми Озмун таъйин менамоянд. Котиби масъули даври якум ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 5.5.-и Низомномаи мазкур санҷида, дар асоси санад онҳоро ба Комиссияи Озмун пешниҳод мекунанд. Котибони Озмун вақт ва ҷойи баргузории Озмунро ба иштирокдорон ҳатман хабар медиҳанд. 5.7. Ғолибони даври дуюми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, то се соли минбаъда дар Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҳуқуқи иштирок карданро надоранд. 6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН 6.1. Донишҳои азбарнамудаи иштирокдорони Озмун тибқи мазмуни асарҳои Пешвои миллат муайян карда мешавад, аз ҷумла: - донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат; - доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат; - қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 5 - баёни порчаҳои муҳимми асарҳо, асосноккунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои Пешвои миллат; - донистани санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик; - донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд; - қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ. 7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН 7.1. Ҳайати ҳакамони Озмун ба савияи дониши сиёсию фарҳангии иштирокдорон аз рўйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд: - ба ҳар як довталаб барои муаррифии ҳаёту фаъолият, мактаби давлатдорӣ, пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва китобҳои Пешвои миллат, инчунин асарҳои дигари таърихӣ ба муҳлати то 10 дақиқа вақт дода мешавад; - бо мақсади баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10- хола муқаррар карда мешавад. Довталаб барои донистани ҳаёту фаъолият, хизматҳои шоиста ва корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар – 8 хол, барои ҷавоби хуб – то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар – 4 хол, барои ҷавоби миёна – 3 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад. 8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН 8.1. Ҳайати ҳакамони даври якуми Озмунро ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд. 8.2. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунанд: 6 - саводу дониш ва маҳорату истеъдоди довталабонро натиҷагирӣ мекунанд; - холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибонро муайян менамоянд; - натиҷаи Озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ менамоянд. 8.3. Ба ҳайати ҳакамон олимону адибон, роҳбарони китобхонаҳо ва омўзгорон ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон набояд аз 5 нафар зиёд бошад. 8.4. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври дуюм дар Комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад. 8.5. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгўй набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, Комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад. 9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН 9.1. Хароҷоти даври якум ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ба даври дуюми Озмун, будубоши онҳо дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохт карда мешавад. 9.2. Ғолибони даври якум ва дуюми Озмун, инчунин иштирокдорони фаъоли он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм инчунин, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. 9.3. Хароҷоти баргузории чорабинии даври дуюми Озмун аз суратҳисоби махсуси Китобхонаи миллӣ пардохт карда мешавад. 9.4. Ба ғолибон ва иштирокдорони фаъоли даври дуюми Озмун тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои 7 пешбинигардидаи Китобхонаи миллӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад. 9.5. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳар ду даврҳои Озмун тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад. 10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ҶОЙИ ЯКУМ 10.1. Ҷойи якум ба иштирокдоре дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст. 11. ИМТИЁЗҲО 11.1. Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои 1, 2, 3) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти олӣ, бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Тартиби қабулро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 11.2. Ғолибони даври дуюми Озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ гардида, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои маърифатию сиёсӣ ва гурўҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пайдо менамоянд. 11.3. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 5 сол нигоҳдорӣ намуда, сипас ба бойгонӣ месупорад. 8 Замимаи 1 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - мудири бахши раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссия; - раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия; - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Комиссия; - директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Комиссия. Аъзои Комиссия: - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; - муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; - муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; - ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; 9 - директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; - раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм. Замимаи 2 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Ба ғолибони ҷойҳои якум ҷом, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ба ғолибони ҷойҳои дуюм, сеюм ва ифтихорӣ диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда мешавад. Ғолибон ба ду гурўҳ ҷудо карда мешавад: 1. Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ. 2. Ғолибони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони Озмун ба таври зерин муқаррар карда мешаванд: - барои ҷойҳои якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); - барои ҷойҳои дуюм – 15 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); 10 - барои ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурўҳ) – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); Ҳамагӣ: 100 000 сомонӣ.