Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > САФАРИ КОРИИ РАИСИ КУМИТА БА ҶУМҲУРИИ ФИЛИППИН
single-product

САФАРИ КОРИИ РАИСИ КУМИТА БА ҶУМҲУРИИ ФИЛИППИН

2025-12-02 15:38:07

1 декабри соли равон раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Филипин рафтанд.

Дар доираи ин сафар академик Фарҳод Раҳимӣ дар кори Форуми 11-уми рушди малакаҳои касбӣ ва маориф ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади хеш раиси Кумита ба масъалаҳои муҳими таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳ карда, аз ҷумла тартиби таҳияи лоиҳаҳо, баррасӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилот, тарҳрезии самтҳои афзалиятнок, вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин ҷанбаҳои маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки Осиёии Рушдро тавзеҳ доданд.

Дар идомаи сафари корӣ 2 декабр раиси Кумита бо директори калони Департаменти рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд, хонум Аяко Инагаки мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои марбут ба рушди таҳсилоти техникию касбӣ, аз ҷумла масъалаҳои таъмири муассисаҳои таълимӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти муосир ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар раванди таълимро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар оғизи мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди Кумита, фаъолияти он ва муассисаҳои зерсохтор маълумот дода, иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дар кишвар аст.

“Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди муассисаҳои нав мебошад. Танҳо дар солҳои охир дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат даҳҳо коллеҷу литсейҳои касиби техникӣ таъсис ёфтанд ва ин раванд дар оянда низ идома мекунад”, - гуфт раиси Кумита.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасби техникӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки татбиқи муштараки лоиҳаҳои пешниҳодшуда барои болоравии сатҳи омӯзиш ва эҳё шудани шабакаи муассисаҳои касбӣ аҳамияти хоса дорад. Зикр гардид, ки Кумита бо мақсади рушди соҳа ба Бонки Осиёии Рушд се лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ ва таълимиро пешниҳод намудааст.

Сафари кории раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ ба Ҷумҳурии Филипин идома дошта, он ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва такмили низоми таҳсилоти касбӣ такони нав мебахшад.