Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ НАВБУНЁДИ КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ШАҲРИ БОХТАР ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
single-product

БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ НАВБУНЁДИ КОЛЛЕҶИ МАХСУСГАРДОНИДАШУДАИ ШАҲРИ БОХТАР ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

2025-11-27 11:27:54

26 ноябри соли ҷорӣ раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар, ки дар ноҳияи Вахш бунёд мешавад, боздид ба амал овард.

Итиллоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави муассиса соли 2017 оғоз ёфта, он аз 5 ошёна иборат буда, утоқҳои кории кормандон, хобгоҳ барои омӯзгорон (500 нафар), хобгоҳ барои донишҷӯён (1200 нафар), маҷлисгоҳ, гармхона, анбори захираи сӯзишворӣ, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, баскетбол ва волейбол, инчунин истироҳатгоҳ ва боғи фароғатиро дар бар мегирад.

“Иншооти мазкур дар масоҳати 6 гектар сохта шуда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақша, бунёди пурраи бино дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расида, мавриди истифодаи омӯзгорон ва донишҷӯён қарор дода мешавад”, - гуфт директори муассиса Шаҳром Ҷалилов.

Раиси Кумита ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати созанда ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи таҳсилоти касбӣ, бунёди биноҳои хуштару замонавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ сол то сол густариш меёбад.

Ҳамзамон, раиси Кумита иброз доштанд, ки ғамхориҳои роҳбарияти давлат моро водор месозанд, то дар раванди таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва касбомӯзӣ саъю кӯшиши бештар намоем ва барои ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.