БОЗДИДИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТА АЗ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ БОХТАР
2025-11-27 11:27:09
26 ноябри соли равон муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълим ва шароити дарсомӯзии донишҷӯён ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ташриф овард.
Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар 26 ноябри соли 1932 ҳамчун Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъсис ёфтааст, яке аз маъруфтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар вилояти Хатлон аст.
Гуфта шуд, ки дар коллеҷ ду факултет - фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ, 5 кафедра (забон ва адабиёти тоҷик, таърих, табиӣ-риёзӣ, забонҳои хориҷӣ, педагогика ва психология) амал мекунанд. Дар онҳо дар баробари омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷавонони болаёқат низ корҳои таълиму тарбияро пеш мебаранд. Коллеҷ аз рӯи 12 ихтисос дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбиро тайёр менамояд.
Директори муассиса Шамъигул Шарифзода қайд кард, ки дар муассиса 22 синфхона мавҷуд буда, ҳамаи онҳо бо айёниятҳо ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин, 2 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки дорои 26 адад компютер, 2 тахтаи электронӣ ва 6 проектор мебошад. Ҳамаи кафедраҳои таълимгоҳ аз рӯи нақшаи таълимии ба тасвибрасида фаъолият дошта, сарбориҳои омӯзгорони кафедраҳо тибқи низомномаи таҳсилоти кредитӣ дуруст тақсим карда шудааст.
Дар
ҷараёни боздид муовини якуми раиси Кумита бо утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ
ва ҷараёни дарсҳо шинос шуда, бо устодон ва масъулини муассиса суҳбат анҷом
дод. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати таълиму тарбия ба масъулин
дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардид.