Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САФАРИ КОРӢ ВОРИДИ ШАҲРИ БИШКЕКИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ШУДАНД
single-product

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САФАРИ КОРӢ ВОРИДИ ШАҲРИ БИШКЕКИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН ШУДАНД

2025-11-27 11:26:07

26 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.


Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар истиқбол гирифтанд.


Ҳамчунин, ба хотири пазироии самимии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли ҳунари кишвари дӯст барномаи дилнишини фарҳангӣ пешкаш карда шуд.