Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2025-11-24 10:02:09

Омӯзгорони муҳтарам, кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, донишҷӯёну хонандагони азиз!

 

Бо камоли эҳтиром ва эҳсоси ифтихори бузург Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, муваффақият ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулиятатон дастовардҳои нав орзу менамоям.

 

Парчами давлатии мо ҳамчун яке аз рамзҳои олии давлатдорӣ таҷассумгари истиқлолияти миллӣ, ваҳдати ҷомеа, сулҳу субот ва ҳувияти давлатдории тоҷикон мебошад. Рангҳои он сурх, сафед ва сабз бо таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллати тоҷик пайванди нерӯманд дошта, тӯҷ ва ҳафт ситора ифодагари ормонҳои давлатсозӣ, худшиносии миллӣ ва саъю кӯшиши кишвар барои рушду тараққиёт мебошанд.

 

Дар шароити имрӯз, ки таҳсилот ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ба яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифаи муҳим ва ҳаётан зарурӣ иҷро мекунад. Ин соҳа ҷавононро соҳиби касбу ҳунар намуда, дар тарбияи онҳо рӯҳияи масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами муқаддасро мустаҳкам менамояд.

 

Кумита ҳамеша саъй менамояд, ки муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо заминаи моддиву техникӣ, стандартҳои таълимӣ ва барномаҳои муосир таъмин гардида, муҳити таълимӣ барои омӯзиш ва рушди касбии ҷавонон беш аз пеш беҳтар шавад. Итминон дорем, ки тавассути корҳои ташкилӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ мо метавонем насли навро ба шахсиятҳои созанда, ватандӯст ва вобастаи Ватан табдил диҳем.

 

Бигзор таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар қалби ҳар як омӯзгор, корманди соҳа ва хонандаву донишҷӯ ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва масъулиятро дар назди давлату Ватан боз ҳам қавитар гардонад. Ба шумо рӯзгори пурсаодат, муваффақиятҳои нав ва комёбиҳои назаррасро таманно дорам.

 

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!