ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН
2025-11-21 16:18:29
Парчами миллӣ дар ҳар давру
замон барои ҳар як миллат на таҷассумгари худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ,
ормонҳои давлатдорӣ ва рукни муҳими ваҳдати ҷомеа мебошад. Дар
шароити муосири ҷаҳони пуртазод, ки арзишҳои миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ зери
таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор доранд, аҳамияти рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла
парчам, беш аз ҳарвақта равшантар эҳсос мегардад. Дар Тоҷикистон, ки баъди
соҳибистиқлолӣ роҳи созандагиро пеш гирифта, рамзҳои миллиро ҳамчун пояҳои
худшиносии иҷтимоӣ эҳё намуд, нақши Парчами миллӣ дар таҳкими ҳамбастагӣ ва
ваҳдати ҷомеа бениҳоят бузург аст.
Парчам ҳамчун таҷассумгари
таърих ва ҳувият ба эҳсосоти мардум бо забони рамзҳо сухан мегӯяд. Се ранги
парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — сурх, сафед ва сабз ҳар кадом бо таърихи деринаи
фарҳангии худ пайванданд. Сурх дар дили ҳар тоҷик рамзи
ҷасорат, шуҷоат ва муборизаи миллат барои истиқлолият аст. Сафед рамзи субот,
покизагӣ, адолат ва сулҳ мебошад; арзишҳое, ки мардум пас аз душвориҳои таърихӣ
ҳамчун бузургтарин дастовард эҳтиром мекунанд. Сабз бошад рамзи ҳаёт, рушд,
табиати зебои кишвар ва пайванди устувори тоҷикон бо фарҳанги меҳнатдӯстӣ ва
созандагист. Ин маъноҳои рамзӣ парчамро аз як матои ранга ба рамзи зиндаи
иҷтимоӣ табдил додаанд, ки ҳар шаҳрванди кишвар дар зери он худро як қисмати
халқ ва давлати воҳид дарк мекунад.
Парчам дар муҳити иҷтимоии
Тоҷикистон мақоми махсус дорад. Он танҳо дар рӯзҳои
идона ё маъракаҳои давлатӣ парафшон намешавад, балки дар зеҳни ҷомеа мисли
рамзи пойдорӣ ва ягонагии сиёсию иҷтимоӣ ҷой гирифтааст. Пас аз солҳои пурошӯби
аввали истиқлолият, ки кишвар роҳи сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмиро пеш гирифт, парчам
ба рамзи барқарорсозии давлатдории муосир табдил ёфт. Танҳо таҳти ин парчам
тоҷикон тавонистанд арзишҳои миллии худро эҳё намоянд, мақоми давлатдории худро
устувор гардонанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил, сулҳпарвар ва
устувор ворид шаванд.
Аҳамияти иҷтимоии парчам бештар
дар миёни насли ҷавон эҳсос мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ
омӯзиши рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ, на танҳо як мавзӯи дарсӣ,
балки як унсури муҳими тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Чорабиниҳои идона,
ҳамоишҳои илмӣ, машғулиятҳои маърифатӣ ва барномаҳои фарҳангӣ, ки дар ин росто
баргузор мешаванд, ҳисси муҳаббат
ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳо ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷавонон тақвият
медиҳанд. Ҷавоне, ки бо парчами кишвари худ ифтихор мекунад, ба арзишҳои миллӣ
содиқ монда, дар роҳи ободии Ватан саҳм мегузорад.
Дар арсаи байналмилалӣ низ
парчам барои Тоҷикистон на танҳо рамзи ҳузури давлатӣ аст, балки воситаи
муассири муаррифии кишвар мебошад. Парафшонии он дар
бозиҳои байналмилалӣ, ҳамоишҳои сиёсӣ, мулоқотҳои сатҳи баланд ва нишастҳои
созмонҳои ҷаҳонӣ обрӯ ва нуфузи кишварро боло мебарад. Парчам дар хориҷ ба ҳар
тоҷик эҳсоси ифтихор мебахшад ва ба ҷаҳониён аз мавқеъ, сиёсати сулҳомез ва
ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон паём мерасонад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва
рақобати шадиди иттилоотӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар
давлат шудааст. Рамзҳои миллӣ, пеш аз ҳама парчам,
шаҳрвандонро аз парокандашавӣ ҳифз карда, онҳоро атрофи арзишҳои муштарак
муттаҳид мекунанд. Парафшонии Парчами миллӣ дар чунин шароит аҳамияти иловагӣ
пайдо мекунад, зеро он шаҳрвандро ба ёд меорад, ки онҳо бо ҳама фарқиятҳои
иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ як миллати воҳиданд ва сарнавишташон ба ҳам гиреҳ
хӯрдааст. Парчам дар ин замина на танҳо рамзи давлат, балки рамзи масъулияти
шахсӣ ва коллективӣ барои рушди кишвар мегардад.
Ҳамин тавр, парафшонии Парчами
миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун омили муттаҳидсозӣ нақши калидӣ мебозад. Он
моро ба худшиносӣ водор месозад, эҳсоси ватандӯстиро тақвият медиҳад, дар
қалбҳо орзуи ободии кишварро бедор мекунад ва дар арсаи байналмилалӣ чеҳраи
Тоҷикистони муосирро муаррифӣ менамояд. Парчами миллӣ дар зеҳн ва қалби ҳар
шаҳрванд на танҳо рамзи давлат, балки рамзи ифтихор, сулҳ, субот, созандагӣ ва
ваҳдати миллӣ мебошад. Ба ҳамин маънӣ аст, ки ибораи «Парчамат бодо парафшон,
эй Тоҷикистони азиз» дар зиндагии мардум танҳо як шиору навишта нест, он эътиқод, эҳсос ва мавқеи ҷомеаи
тоҷик нисбат ба давлати худ мебошад.
Фирдавс ШАРИФЗОДА,
директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш