«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ЭЙ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ»
2025-11-21 15:58:13
Таҳти ин унвон имрӯз дар Коллеҷи
технологии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши
тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумита академик Фарҳод
Раҳимӣ, муовинони раис Давлатзода Баҳрулло ва Алишер Ализода, сардорони раёсату
шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, инчунин роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни
ифтитоҳи ҳамоиш изҳор дошт, ки Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими давлатдорӣ
ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии фарҳангӣ ва ваҳдати
ҷомеа нақши муассир дорад.
«Парчами миллии мо таҷассумгари
таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ормонҳои давлатӣ мебошад. Аз рӯзҳои аввали
соҳибистиқлолӣ ҳифзу нигоҳдории рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ
самти сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Барои ҳар як шаҳрванди кишвар гиромидошт
ва ҳифзи ин рамз вазифаи имонӣ ва нишонаи ватанпарастист. Имрӯз мо мебинем, ки
насли ҷавони Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ифтихор аз парчами миллӣ ба воя
мерасанд. Ин парчам рамзи сулҳ, субот, созандагӣ ва
пешрафти давлат аст. Мо бояд дар ҳама ҳолат онро баланд, гиромӣ ва қудратманд
нигоҳ дорем», - гуфт раиси Кумита
Дар идомаи ҳамоиш Бекназарзода
Мусулмон Маҳмадюнус, декани факултети молия ва иқтисоди Коллеҷи технологии
шаҳри Душанбе, зимни суханронӣ дар мавзӯи “Заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии таҷлили
Рӯзи Парчами миллӣ” шарҳи қонунӣ ва таърихии Рӯзи Парчами миллиро ироа намуда,
гуфт, таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дорои асосҳои возеҳи ҳуқуқӣ мебошад, ки онро
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
муайян кардааст. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти сиёсӣ, ягонагии
ҳудудӣ ва соҳибихтиёрии миллат дар баробари дигар рамзҳо - Нишон ва Суруди
миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
“Қабули
Парчами давлатӣ соли 1992 яке аз қадамҳои сарнавиштсоз барои пойдории
давлатдории навини тоҷикон буд. Имрӯз ин рамзи муқаддас дар ҳама арсаҳо рамзи ифтихор ва муаррифгари миллати тоҷик мебошад», - гуфт номбурда.
Наҷмиддинзода Назархоҷа Акобир, Наҷмиддинзода
Назархоҷа Акобир, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи муҳандисию
омӯзгории шаҳри Душанбе, дар мавзӯи «Парчам - рамзи ҳамбастагии миллию
давлатдорӣ» суханронӣ карда, парчамро ҳамчун унсури муттаҳидкунандаи ҷомеа
тавсиф намуд.
«Парчами миллӣ дар баробари вазифаи давлатдорӣ, дорои
паёми иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мебошад. Он қувваи муттаҳидкунандаи миллат буда,
мардумро дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ гирд меорад. Дар даврони
соҳибистиқлолӣ мо шоҳид ҳастем, ки миллати тоҷик маҳз зери сояи парчами ягона
роҳ ба сӯи сулҳу субот ва рушди устувор гузошт. Ифтихор аз парчам ифтихор аз
Ватан, аз таърих ва аз дастоварди ҳар як шаҳрванди кишвар аст», - иброз дошт ӯ.
Ҳамзамон, Салимов Санҷар, омӯзгори
кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова,
зимни баромади худ дар мавзӯи «Парчами миллӣ – таҷассумгари давлатдории
тоҷикон» таърихи ташаккули рамзҳои миллӣ ва нақши он дар давлатдории тоҷиконро тавсиф
карда, зикр намуд, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ рамзҳои
гуногуни давлатдорӣ дошт, аммо парчами имрӯза ҳамчун рамзи давлатдории муосир
таҷассумгари орзую ормонҳои миллати тоҷик буда, рангҳои он рамзи муҳаббат ба
Ватан, сулҳу некӣ ва ободкорӣ, пайванди таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои миллии
моро ифода мекунанд.
“Нақши парчам дар ташаккули
худшиносии миллӣ, хусусан миёни ҷавонон, хеле бузург аст. Он моро ба ваҳдати
диливу фикрӣ ва масъулияти боз ҳам бештар дар роҳи пешрафти Ватан ҳидоят
мекунад”, - зикр кард номбурда.
Инчунин, дар ҳамоиш Азизмамадова
Зулфия Сафармамадовна, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Коллеҷи техникии ДТТ
ба номи академик М. Осимӣ, дар мавзӯи «Парчам - нишон аз давлатдории халқи
тоҷик» маърӯза карда, ба ҷанбаҳои маънавӣ ва фарҳангии парчам таваҷҷуҳ намуда,
гуфт, Парчами миллӣ танҳо рамзи давлатдорӣ набуда, он оинаи ҳастии миллат ва
таҷассумгари арзишҳои маънавии мардум аст.
“Дар тӯли таърих парчамҳо рамзҳои
иттиҳод, қудрат ва ҳувияти миллӣ буданд. Парчами давлатӣ имрӯз низ на танҳо дар
муассисаҳо, балки дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой дорад. Мо вазифадорем,
ки дар қалби ҳар як хонанда эҳтиром ба парчам, ифтихор аз давлат ва ҳисси
масъулиятро бедор намоем. Парчам моро ба созандагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳимояи
дастовардҳои миллӣ ҳидоят мекунад”, - қайд кард муаллима.
Дар идомаи ҳамоиш ба як қатор
омӯзгорони фаъол Ифтихорномаи Кумита супорида шуд, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи
дастгирии заҳмати омӯзгорон ва саҳми онҳо дар тарбияи насли соҳибмаърифат
маънидод гардид.
Дар қисмати ҷамъбастӣ донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ
барномаи фарҳангии пурмазмуну рангорангро манзур намуда, ба ҳамоиш шаҳомати
идона бахшиданд.