ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ МУҚАДДАСИ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁРИ ТОҶИКОН
2025-11-20 19:24:44
Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола дар
Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана нишони эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ,
ваҳдату худшиносӣ ва ифтихори давлатдорӣ мебошад. Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои
асосии давлатӣ, шиносномаи истиқлолияти тоҷикон ва пайвандгари наслҳо маҳсуб
ёфта, дар зери он миллати мо роҳи шуҷоату ободиро тай мекунад.
Парчами давлатӣ
яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари
асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи
мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми мамлакат мебошад. Бешубҳа
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар давлат буда, нишонаи
соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Моҳи ноябри соли
1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи
давлатдории навини тоҷикон ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз ва саодатбахши миллӣ
сабт гардид, рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчами давлатӣ қабул
карда шуд.
Дар ибтидои
солҳои навадуми қарни гузашта афроди бадхоҳу баднияте буданд, ки мехостанд ин
миллати куҳанбунёдро нобуд ва фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи онро поймол
созанд. Хушбахтона, онҳо ба ниятҳои нопоки худ нарасиданд. Касби Истиқлолият ва
қабули рамзҳои давлатӣ бори дигар собит сохтанд, ки ин миллати тамаддунофар ва
фарҳанги пурғановати онро ҳеҷ неруи бадхоҳе, ба ҳеҷ ваҷҳ, шикаст ва нобуд карда
наметавонад.
Парчамдориву
парчамбардории халқи мо таърихи қадима дошта, аз аҳди бостон то имрӯз давраи
тӯлониро тай намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни
инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд. Вобаста ба парчамбардории ниёгони
абарқудрати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон, бахшида
ба Рӯзи Парчами давлатӣ, қайд намуда буданд, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир
тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақшгардида буд, ки он парчам рамзи
як давлати нирӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи
Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони
мо мебошад».
Миллати тоҷик
дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои
бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидааст, ки Дирафши Ковиён
ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хоса дошт ва он дар
Ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии
мо тасвир ёфтааст.
Воқеан, парчам
дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани маъракаҳои расмию
ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ
ва гузашта аз ин, дар ҳаёти ҳамарӯзаи ҷомеа мавқеъ ва нақши муҳим дорад. Дар
Парчами давлатии мо, ки рангҳои сурху сабзу сафедаш аз покии дили ниёгон,
сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд,
таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи
дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар ва
бақову пойдории он, тоҷ ва ҳафт ситора бошад, соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии
миллат талаққӣ мегардад. Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи
музаффарият ва ифтихор аз дирӯзу имрӯзи миллат моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу
сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва
соҳибдавлатӣ ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Ҷашни Парчам аз
зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати
соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ
намуд. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳтиром ва
қадршиносӣ ба рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат қабул карда шудааст.
Парчам дар ҳаёти
ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ
ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин
мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Парчам моро баҳри
ҳаёти осоиштаю сулҳу суббот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи
озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.
Сиёсати
пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои
нек тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст ва ҳоло мардуми мо ҳамаи
имкониятҳоро доранд, ки барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати зиндагии худ ва
ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмати бунёдкорона намуда, таҳти Парчами давлати
худ бо ифтихори ватандорӣ ва шукрона аз неъматҳои истиқлол сӯи фардо устуворона
қадам бардоранд. Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати
соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша партавафшон
хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои
рӯзафзун ноил хоҳем шуд.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!
Муҳаббат
ТЕШАЕВА,
омӯзгори фанни
тахассусии Литсейи касбии
техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд