ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР КУМИТА
2025-11-03 15:52:02
Бо ташаббуси Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия таҳти унвони
“Конститутсия – санади сарнавиштсози давлату миллат” ҳамоиши илмӣ баргузор
гардид.
Дар ҳамоиш Фарҳод
Раҳимӣ, раиси Кумита, Давлатзода Баҳруло ва Ализода Алишер, муовинони раис,
кормандони дастгоҳи марказӣ ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор иштирок ва суханронӣ
намуданд.
Ҳамоишро Фарҳод Раҳимӣ
ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Конститутсия аз рӯзҳои аввали қабулаш дар назди
давлату миллати мо вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо
ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, низоми мақомоти давлатии муосир,
таъмини кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди
созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб
мерафт.
Пешвои миллат дар
таърихи навини халқи тоҷик дар саргаҳи ҷомеаи навини Тоҷикистон қарор дошта,
дар рушду инкишоф ва мустаҳкамии пояҳои давлатдорӣ ва ҷомеа саҳми арзанда ва
бузург доранд.
Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон муҳим буда, ташаббускори
таҳияи ин санади муҳими кишвар маҳсуб мешаванд.Маҳз бо заҳмату талошҳои
пайгиронаи Пешвои миллат ин санади тақдирсоз қабул гардида, он дар рушду
устувории соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ,
амалӣ гардидани ҳадафҳо ва вазифҳои олии давлатӣ, ҳамзамон, муаррифии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақш ва ҷойгоҳи хоссаро ишғол намудааст.
Мавриди зикри хос аст,
ки Пешвои миллат пайваста аз мубрамӣ ва ҷойгоҳи хос доштани Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, нақши онро дар бунёди давлат ва ҷомеаи
муосир, ки ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми халқи кишвар мебошанд, ниҳоят муҳим
арзёбӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 иброз
доштанд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати
мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам
овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои
Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон
диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди
устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат
шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Раҷабов Саидумар
Одинаевич- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон зимни баромади худ иброз намуд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони
соҳибистиқлол маҳз бо ташаббус, заҳмату талош, истодагарию пофишориҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар он масъалаҳои калидӣ: барпо намудани
давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати
ҳокимияти президентӣ, кафолати давлатии ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ, аз тариқи
овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи
ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми
мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ифода ва амалӣ гардиданд.
Бобоҷонзода Исрофил
Ҳусейн- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон низ дар навбати худ қайд кард, ки аз рӯзи аввали таҳияи лоиҳаи
Конститутсия, Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои инсонӣ
ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда,
ба гуруҳи корӣ дастур додаанд, ки ин мафҳумҳоро, ки хусусияти инсонпарваронаву
сулҳҷӯёна дорад, ба лоиҳа ворид намоянд, зеро татбиқи амалии ҳуқуқҳои
конститутсионии шаҳрвандон ба шароити ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихиву
маънавӣ, рушди фарҳанги миллӣ, худогоҳии мардум мусоидати созанда дошта, дар
баробари ҳуқуқу озодиҳо, шаҳрвандон уҳдадориҳои худро низ бояд дар назди қонун
иҷро намоянд. Ин омил имконият фароҳам овард, ки дар Моддаи 5 – уми
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Инсон, ҳуқуқ, номус ва озодии ӯ арзиши олӣ
эътироф гардида, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир
ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд риоя ва ҳифз карда мешаванд”, дарҷ карда
шуд.
Дар охир таъкид гардид,
ки таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи сифатан нави
бунёд ва инкишофи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистони муосир буда, ин санади олии
ҳуқуқӣ бо саъю талош, азму иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида,
ҳамзамон, нақш ва саҳми ин шахсияти таърихии халқ дар такмили меъёрҳои он
бағоят бузург мебошад.