КОНСТИТУТСИЯИ ХАЛҚПАРВАР
2025-11-03 11:08:39
Ифода гардидани халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ аз демократӣ ва халқпарвар будани Конститутсия дарак медиҳад. Хушбахтона, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло мо 31-солагии қабули онро ҷашн мегирем, намунаи беназири ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз мебошад. Зеро аз 100 моддаи Конститутсия 34 модда, яъне беш аз сеяки он ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванди кишвар бахшида шудааст.
Бори нахуст дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон карда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ намуд.
Агар ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, заминаи аслии он аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки ҳокимияти конститутсиониро таъсис дод ва заминаҳои воқеӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нав фароҳам омад. Бо қарори ҳамон иҷлосияи тақдирсоз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Сарвари давлат — Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дод.
Моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ шароиту хусусиятҳои мамлакат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пурра ба эътибор гирифт.
Моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи нави Конститутсия дар матбуоти даврӣ чоп шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Зимни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳод ба Шӯрои Олӣ ворид гардид ва танҳо баъди ба эътибор гирифтани онҳо лоиҳаи Конститутсия такмил ёфта, ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он яке аз дастовардҳои муҳим дар таърихи навини давлатдории мо ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқоиса бо қонунҳои ҳаммонанди замони Шӯравӣ хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст.
Дар он дарҷ гардидааст, ки интихоби Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва раъйпурсӣ ба роҳ монда мешавад.
Бинобар ин, метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид. Ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин санади муҳимро чунин таъкид намудаанд:
> «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне, дар мазмуну муҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди мамлакат ин санади тақдирсозро азизу муқаддас меҳисобад, зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми онҳоро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдон ва эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад».
Оре, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳост.
Конститутсия бахтномаи миллат, санади муқаддас, кафолатгари адолат, роҳнамои зиндагиву фаъолияти инсон, шаҳсутун ва шиносномаи давлату миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро хуб донад, зеро муносибатҳои ҷамъиятии ҳаррӯзаи мо аз амали қонунҳо ва риояи волоияти қонун вобастагӣ дорад.
Ҷабборзода Умед Убайдулло – директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”