Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

2025-11-03 11:02:36

Конститутсия санади олии ҳуқуқии ҳар як давлат буда, пояи асосии низоми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шумор меравад. Он на танҳо қонуни асосии кишвар, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, адолат ва волоияти қонун мебошад. Конститутсия ба сифати санади олитарини ҳуқуқӣ асоси ташкили давлатдорӣ, муайянкунандаи сохтори ҳокимият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон ва муносибатҳои байни давлату ҷомеа мебошад. Ҳар як миллату давлат барои пойдории сохтори давлатӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи ҷомеа ниёз ба чунин санади муҳимми ҳуқуқӣ дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 дар асоси иродаи халқи тоҷик тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ҳамасола ин рӯз ҳамчун санаи муҳим ва сарнавиштсоз – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки он на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки қабули ин санади сарнавиштсоз дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоии кишвар сурат гирифт ва заминаи ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро гузошт. Конститутсия ҳамчун санади асосии кишвар, на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли миллӣ аст, балки қалби низоми ҳуқуқии кишвар, пояи ҳама қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат низ маҳсуб меёбад.
Аз рӯйи принсипи зинабандии санадҳои ҳуқуқӣ, Конститутсия дар зинаи олӣ қарор дорад. Дар асоси он қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо ва дигар санадҳо таҳия ва қабул мегарданд. Барои мисол: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва дигар санадҳоро низ метавон шарҳ дод, ки бевосита аз принсипҳои Конститутсия сарчашма мегиранд. Ин маънои онро дорад, ки Конститутсия заминагузори ҳамаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад ва ба онҳо қувваи ҳуқуқӣ ва эътибори қонунӣ мебахшад.
Он муносибатҳои асосии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро муайян менамояд. Ҳамзамон, меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти давлатӣ, низоми сохтори он ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар он танзим гардидаанд. Дар баробари ин, озодии виҷдон, сухан, матбуот, дин, ҳуқуқ ба таҳсил, тандурустӣ, меҳнат ва иштирок дар идоракунии давлатиро таъмин менамояд.
Бояд қайд намуд, ки пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қабул гардидани Конститутсия як қадами муҳиму таърихӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ буд. Дар он замон Тоҷикистон ба як ҳуҷҷате ниёз дошт, ки манфиати тамоми табақаҳои ҷомеаро таъмин намуда, барои рушди минбаъдаи давлат замина гузорад. Имрӯз, маҳз ба туфайли амалишавии қонунҳои дар асоси Конститутсия қабулшуда Тоҷикистон ба як давлати устувор бо рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин таъкид намудаанд: “Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обруву эътибор мегардад, ки конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя кунад. Танҳо ҳамон давлат нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш, сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд”.
Аз ин рӯ, Рӯзи Конститутсия на танҳо рӯзи як санади ҳуқуқӣ, балки рӯзи эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯз мо – шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба ин санади муқаддаси миллӣ арҷ гузорем ва дар роҳи амалӣ шудани меъёрҳои он саҳмгузор бошем. Танҳо дар сурати риояи пурраи Конститутсия мо метавонем ба ҷомеаи воқеан демократӣ ва пешрафта ноил гардем.
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамватанони азиз!
Абдусалом ТОИРЗОДА, н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ