КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
2025-10-31 12:59:02
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сарнавиштсози давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи тоҷикон маҳсуб ёфта, ба қатори даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам дохил шудааст.
Конститутсия дастоварди бузурги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ буда, муқаддасоти миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин менамояд.
Бояд зикр кард, ки дар давлати демократӣ риояи Конститутсия ва қонунҳо бояд як мароми муқаррарӣ дошта бошад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш чунин қайд намудаанд: “Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурияти риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад”. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд қонунҳоро хуб донад ва риоя намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсози кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, барои пешрафт ва рушди давлат заминаи асосӣ мегузорад.
Воқеан, халқи тамаддунсозу фарҳангии мо тавонист санаде қабул намояд, ки таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушду бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Бояд зикр кард, ки гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад. Ҷомеае, ки заминаҳои ҳуқуқиро доро нест, ба монеаҳо гирифтор мешавад. Ин қонун санади ягонаи муайянкунадаи ҳадаф, вазифа, шакл ва моҳияти ҳар як давлат аст, ки тамоми унсурҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Дар шароити имрӯза нақш ва аҳаммияти ҳама гуна Конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро он муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро таъмин менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки бо қабули Конститутсия халқи тоҷик дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созад.
Ин аст, ки қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидагӣ ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Ҷиёнгул ҚУРБОНОВА, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ