Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР
single-product

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР

2025-10-30 13:09:14

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати асосӣ ва сарнавиштсозест, ки бунёди сохтори давлатӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии кишварро муайян менамояд. Он ҳамчун қонуни олӣ ва сарчашмаи тамоми қонунгузории ҷумҳурӣ амал мекунад ва тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар доираи принсипҳои ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 рӯйдоди таърихие буд, ки бо иродаи умумии мардум сурат гирифт. Дар он давра дар кишвар мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоии шадид мегузашт, вале мардуми Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ роҳи давлатдории ҳуқуқбунёдро интихоб карданд. Аз ҳамин рӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман эътироф гардид.

Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузорӣ дорои аҳамияти олӣ мебошад, зеро ҳамаи қонунҳо, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба меъёрҳои он мутобиқат кунанд. Ҳеҷ як санад ҳуқуқи боло аз Конститутсияро надорад. Маҳз ин меъёр кафолати волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин менамояд.

Дар Конститутсия асосҳои сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, он шакли идораи ҷумҳуриявӣ, принсипҳои ҷудоии ҳокимият ба се шоха — қонунгузор, иҷроия ва судиро муқаррар мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия мавқеи меҳварӣ доранд. Он барои ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, баробарӣ дар назди қонун, озодии виҷдон, сухан, андеша, меҳнат ва таҳсилро кафолат медиҳад. Ин муқаррарот на танҳо арзиши ҳуқуқӣ, балки маънои инсонпарварона ва демократиро доранд, ки ба меъёрҳои умумибашарӣ мутобиқат менамоянд.

Дар баробари ин, Конститутсия вазифаҳои асосии шаҳрвандонро низ муайян кардааст, азҷ умла риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъияту давлат ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро фароҳам овардааст. Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии қонунгузор, Ҳукумат ҳамчун шохаи иҷроия ва судҳо ҳамчун шохаи ҳокимияти судӣ тибқи он амал мекунанд.

Бо гузашти замон ва тағйирёбии воқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар, ба Конститутсия якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд (солҳои 1999, 2003, 2016), ки ҳадафашон мутобиқ гардондани он ба талаботи рушди ҷомеа ва давлат буд. Масалан, ворид кардани институти парлумони дупалатаӣ ва муқаррар намудани ҳадафҳои стратегии рушди кишвар аз ҷумлаи чунин ислоҳот мебошанд.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, истиқлол ва пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Он шаҳрвандонро ба эҳтиром ба қонун, адолат, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Дар ҳақиқат, Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷати асосии сиёсиву ҳуқуқӣ ба тамоми низоми ҳуқуқии кишвар тартибот мебахшад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз иқтисоду маориф то фарҳанг ва сиёсат дар асоси меъёрҳои он танзим мешаванд.

Пойдории Конститутсия ва риояи меъёрҳои он масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Зеро эҳтиром ба Конститутсия маънои эҳтиром ба давлат, миллат ва арзишҳои инсониро дорад.


Зинатшо ИМАТШОЕВ,

директори Литсейи касбии техникии

нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе