ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ БА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2025-10-30 12:43:08
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ Ҳюнсук Ли ва муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Ҳайати мазкур нахуст дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе бо дастовардҳои муассиса ва фаъолияти он шинос шуда, бо роҳбарияти литсей мулоқот анҷом доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе яке аз муассисаҳои пешбари соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба ҳисоб меравад, ки дар тайёр кардани мутахассисони сатҳи коргарӣ барои соҳаи сохтмон саҳми арзанда дорад. Ин муассиса бо мақсади қонеъ гардондани эҳтиёҷоти бозори меҳнат бо кадрҳои соҳибкасб таъсис ёфтааст.
«Дар литсей ҷавонон пас аз хатми синфи 9 ва 11 ба таҳсил ҷалб мегарданд ва вобаста ба ихтисос дар муддати 1 то 2 сол таҳсил мекунанд. Самтҳои асосии таълим дар литсей сохтмони биноҳо ва иншоот, пардозгарӣ, кафшергарӣ, челонгарӣ, кафшергари газию барқӣ, инчунин корҳои таъмирӣ мебошанд», - гуфт директори литсей Аҳмадшо Саидзода дар мулоқот.
Дар идома ҳайати Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ бо фаъолияти Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе шинос шуда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба ин муассисаи таълимии хориҷи кишварро баррасӣ намуданд.
Ҳамза Сафарзода, директори муассисаи мазкур, зикр кард, ки Коллеҷ яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти миёнаи касбӣ маҳсуб ёфта, мутахассисони соҳибихтисосро дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, шабакаҳои компютерӣ ва фанҳои муҳандисиву техникӣ омода мекунад.
Гуфта шуд, ки муассиса дар заминаи эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва талаботи замони муосир фаъолият дошта, мақсади асосии он омода намудани кадрҳои ҷавон бо донишу малакаҳои амалӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия мебошад.
Сипас, ҳайати мазкур ба Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо имкониятҳои моддию техникии ин муассисаи таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо ҳайати роҳбарияти муассиса мулоқоти судманд анҷом доданд.
Директори коллеҷ Наҷибулло Рабизода иттилоъ дод, ки фаъолияти муассисаи таълимии мазкур ба самти тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос дар самтҳои муҳандисӣ, омӯзгорӣ ва техникиву технологӣ равона шуда, дорои пойгоҳи моддию техникӣ ва инфрасохтори муосир, аз ҷумла лабораторияҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишгоҳҳои амалӣ ва китобхонаи муосир буда, дарсҳоро устодони соҳибмаълумот, муҳандисони касбӣ ва омӯзгорони таҷрибадор мегузаронанд.
Баъд аз боздид ва гуфтугӯ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии мазкур Президенти Донишгоҳи Лифти Кореяи Ҷанубӣ Ҳюнсук Ли зикрк ард, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуме, ки дирӯз бо Раиси Кумита имзо намуданд, ҷониби онҳо дар заминаи ҳарсе муассисаи таълимӣ синфхонаҳои махсуси фанниро ҷиҳати омӯзиши забони кореягӣ таъсис дода, курсҳои омӯзишии ройгонро бо ҷалби омӯзгорони варзидаи дохилию хориҷӣ ба роҳ мемонанд.
«Мо дар доираи имкониятҳои худ кӯшиш мекунем, ки теъдоди бештари донишҷӯёни тоҷикро аз ҳисоби муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаи худамон ҷалб намоем. Дар муассиса барои писарон ихтисосҳои муҳандис, таъмиргар ва устоҳои насби лифт ва барои духтарон ихтисоси косметолог амал мекунанд. Дар оянда мо грантҳоро ба роҳ мемонем, ки тамоми хароҷоти таҳсилу иқомати донишҷӯёнро дар Кореяи Ҷанубӣ пардохт мекунад», - гуфт ҷаноби Ҳюнсук Ли.
Қайд гардид, ки дарсҳои нахустин дар заминаи курсҳои омӯзишӣ шуруъ аз 10 ноябр ба роҳ монда шуда, хоҳишмандон метавонанд дар онҳо иштирок намоянд ва баъди хатм бо сертификат таъмин шуда, имкони идомаи таҳсилу фаъолият дар Кореяи Ҷанубиро ба даст оранд.