БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
2025-10-30 09:28:50
29 октябри
соли равон бо иштироки муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар
шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ, раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Одиназода
Латофат Амиршо ва аъзои ташкилот аз ҳисоби омӯзгорону ҳайати маъмурияти
муассиса ҷаласаи ҳизбӣ гузаронида шуд.
Саймуминзода
Фирӯз дар оғози ҷаласа баромад карда, доир ба ҳадафҳои бузурги Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, ҳамагиро барои саҳм гузоштан дар
амалисозии онҳо даъват намуд. Инчунин, мавсуф вобаста ба мавзуҳои мубрами
рӯз-мубориза бо терроризму экстремизм, даст назадан ба бегонапарастӣ ва
фарҳанги бегона, ҳамчун ашхоси намуна ба бар кардани либосҳои миллӣ, тарбияи
дурусту комили ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ худшиносӣ ва дигар масоил
андешаронӣ намуд. Аз ҳамаи аъзоён даъват ба амал овард, ки барои татбиқи
сиёсати Ҳукумати мамлакат ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша
омода ба хизмат бошанд.
Сипас, саҳми
роҳбари Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”
ва аъзои онро дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ва пиёдасозии ҳадафҳои муҳимми ҳизбӣ калон дониста, аз фаъолияти
ташкилот изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар охири ҷаласа
якчанд аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”
аз ҳисоби кормандони муассиса барои хизматҳои содиқонаву софдилонаашон бо
сипосномаи КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сарфароз
гардонида шуданд.