МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТА БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶОПОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2025-10-29 19:34:00
Имрӯз дар Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита академик
Фарҳод Раҳимӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
хонум Фурута Кейко баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили марбут ба рушди
ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тайёр намудани
кадрҳои коргарӣ, омӯзиши забони ҷопонӣ, мубодилаи таҷриба ва дастгирии техникию
методиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар оғози мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ меҳмони
олиқадрро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва
ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Ҷопон дар солҳои охир тавсеа ёфта, Ҷопон
яке аз шарикони боэътимоди кишвар дар самтҳои гуногун ба шумор меравад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди
фаъолияти Кумита ва муассисаҳои зерсохтори он маълумот дода, зикр кард, ки бо
дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд солҳои охир
инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар мамлакат ба
таври назаррас рушд ёфтааст. Дар ин раванд таҷрибаи пешқадами кишварҳое мисли
Ҷопон барои Тоҷикистон намунаи хуби омӯзиш мебошад.
Раиси Кумита изҳор дошт, ки татбиқи таҷрибаи ҷопонӣ
дар самти омӯзиши амалии ихтисосҳои техникиву муҳандисӣ метавонад ба беҳтар
шудани сифати таълим ва мутобиқ кардани барномаҳо ба талаботи бозори меҳнат
мусоидат намоянд.
Дар навбати худ хонум Фурута Кейко ба роҳбарияти
Кумита барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Ҷопон ҳамеша
ба рушди нерӯи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад, зеро таълими босифати
касбӣ дар замони технологияҳои рақамӣ нақши калидӣ дорад.
Сафир, ҳамчунин, афзуд, ки барномаҳои ҳамкории байни
Ҷопон ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои
байналмилалӣ (JICA) имконият медиҳанд мутахассисони ҷавон дар курсҳои омӯзишӣ
ва таҷрибаомӯзӣ иштирок намуда, донишу малакаҳои худро дар самтҳои муҳандисӣ,
энергетика, менеҷмент ва технологияҳои иттилоотӣ такмил диҳанд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбат масъалаи
омӯзиши забони ҷопонӣ дар муассисаҳои зерсохтори Кумита ва ҳамкорӣ бо
муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо аз
ҷонибдорӣ ва ҳамкориҳои устувори кишварҳо дар рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ
қаноатмандӣ намуда, изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои байни Кумита ва
Сафорати Ҷопон минбаъд низ густариш меёбанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ баргузор гардид.