БАЙНИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА КОЛЛЕҶИ ОЛИИ ПЕДАГОГӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ САНОАТИИ «КАСПИЙ» - И ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
2025-10-29 19:33:19
28 октябри
соли 2025 миёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Коллеҷи олии
педагогӣ ва технологияҳои саноатии «Каспий» -и Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаи
ҳамкорӣ ба таври маҷозӣ ба имзо расид.
Созишнома аз ҷониби директори Коллеҷи муҳандисию
омӯзгории шаҳри Душанбе Рабизода
Наҷибулло ва директори Коллеҷи олии педагогӣ ва технологияҳои саноатии “Каспий” Калдаманов
Исенбай Абиевич дар асоси оинномаҳои
ҳар ду муассиса дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии созишномаи мазкур ба роҳ мондани
фаъолияти муштараки таълимӣ ва илмию техникӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани
самаранокии омодасозии мутахассисон, рушди таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди
таълим дар муассисаҳои таълимии мазкур нигаронида шудааст.
Тибқи бандҳои созишнома, ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи
барномаҳои таълимии мутахассисон аз рӯи соҳаҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи
касбӣ, мубодилаи маводи таълимию методӣ барои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва
барномаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, мубодилаи донишҷӯён аз рӯйи барномаҳои
таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳама намудҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, мубодилаи
мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин табодули
таҷриба ва усулҳои фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи
тарафайн, иштирок дар лоиҳаҳои якҷояи илмию техникӣ, мубодилаи ахбороти илмию
техникӣ, ташкили семинару конференсияҳои илмию техникӣ ва таълимиву методӣ оид
ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, мубодилаи иттилоот, омода ва нашри
якҷояи монографияҳо, мақолаҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ, инчунин нашрияҳои таълимию
методӣ, баррасии муштараки лоиҳаҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ, ташкил ва
татбиқи чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии
хатмкунандагон дар бозори меҳнат, таъсиси факултаи муштарак ва татбиқи
барномаҳои ду дипломагӣ аз рӯйи самтҳои (ихтисосҳои) таҳсилоти миёнаи касбӣ
ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки Коллеҷи муҳандисию омӯзгории
шаҳри Душанбе феълан ҳамкориҳои судмандро бо зиёда аз 15 муассисаи таълимии
хориҷи кишвар дар
самтҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст ва тасмим дорад, ки дар
оянда доираи ин ҳамкориҳоро бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ боз ҳам тавсеа
бахшад.