Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МУЛОҚОТИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ
single-product

МУЛОҚОТИ ФАРҲОД РАҲИМӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ

2025-10-29 12:49:07

Имрӯз дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ бо Президенти Донишгоҳи Лифти Корея Ҳюнсук Ли баргузор гардид.
Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди Кумита, фаъолияти он ва муассисаҳои зерсохтор маълумот дода, иброз дошт, ки соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин зинаи таҳсилот на танҳо пояи асосии омодасозии мутахассисони сатҳи коргарӣ мебошад, балки омили бунёдии рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дар кишвар аст.
“Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди муассисаҳои нав мебошад. Танҳо дар солҳои охир дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат даҳҳо коллеҷу литсейҳои касиби техникӣ таъсис ёфтанд ва ин раванд дар оянда низ идома мекунад”, - гуфт раиси Кумита.
Президенти Донишгоҳи Лифти Корея Ҳюнсук Ли ба раиси Кумита барои пазироии гарму самимӣ миннатдорӣ карда, дар мавриди дурнамои фаъолияти муассисаашон бо Кумита ибрози андеша намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шуруъ аз 10 ноябр дар заминаи муассисаҳои таълимии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе омӯзиши ройгони забони кореягӣ ба роҳ монда мешавад. Дарсҳо 6 моҳ давом карда, баъди он довталабон имкон доранд, ки дар Донишгоҳи Лифти Корея давоми 2 сол таҳсил намуда, сипас, дар бозори меҳнати ин кишвар фаъолият намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи ин мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи лифти Корея ба имзо расид. Аз ҷумлаи ҳадафҳои санади мазкур ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар назди Кумита ва таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тибқи санади мазкур дар моҳи декабри соли равон сафари омӯзишии гуруҳи аввали донишҷӯён дар ҳайати 8 нафар ба ин кишвар дар назар буда, оянда теъдоди гуруҳҳо ва донишҷӯён зиёд карда мешаванд.