МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА
2025-10-29 12:33:17
Терроризм ва экстремизм яке аз хатарноктарин зуҳуроти ҷаҳони муосир ба шумор мераванд, ки на танҳо амнияти давлатҳоро, балки суботу оромии ҷомеа ва арзишҳои маънавии инсониро таҳдид мекунанд. Имрӯз терроризм дигар танҳо мушкилоти сиёсӣ нест, балки ба таҳдиди иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вақте ки иттилоот ва иртибот дар кӯтоҳтарин сонияҳо паҳн мешаванд, гуруҳҳои ифротӣ аз ин имконият барои густариши андешаҳои зараровари худ истифода мебаранд. Хусусан ҷавонону наврасон, ки гурӯҳи осебпазир ва ҳассосанд, бештар дар зери таъсири чунин ҳаракатҳо қарор мегиранд.
Зарари терроризм ба ҷомеа бисёрҷабҳа аст. Пеш аз ҳама, он ба амнияти миллию суботи сиёсӣ зарбаи ҷиддӣ мерасонад. Ҳодисаҳои террористӣ боиси талафоти ҷонӣ, вайроншавии инфрасохтор, аз байн рафтани осоиш ва эҳсоси тарсу ноамнӣ миёни шаҳрвандон мегарданд. Ҷомеае, ки дар он тарс ҳукмфармо аст, наметавонад рушд кунад ва ҳаёти маданӣ пеш равад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ бошад, терроризм ҳамбастагии мардумро шикаста, байни гурӯҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ тафриқа меандозад ва эътимоди шаҳрвандонро нисбат ба давлат коста месозад. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризм танҳо вазифаи мақомоти амниятӣ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа, хусусан оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ, паёмадҳои терроризм низ ниҳоят харобкоронаанд. Дар ҷойҳое, ки хатари террористӣ зиёд аст, сармоягузорони хориҷӣ эҳтиёткор мешаванд, фаъолияти соҳибкорӣ коҳиш меёбад, гардиши мол ва хизматрасонӣ суст мегардад. Ин ҳолат боиси бекорӣ ва камбизоатӣ мешавад, ки худ заминаи муҳайё барои афзоиши радикализм аст. Яъне, терроризм ва экстремизм ба таври ҳалқавӣ амал мекунанд, зеро ҳар қадар вазъи иқтисодии мардум бадтар гардад, ҳамон қадар имкони шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ зиёд мегардад.
Аз ҷиҳати фарҳангӣ ва маънавӣ, экстремизм арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои неки мардумиро инкор мекунад. Эктремистон кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро аз фарҳанги хеш дур кунанд, онҳоро ба роҳи бегонаи андеша ва ҷаҳонбинӣ роҳнамоӣ кунанд. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз номи дин мардумро фиреб медиҳанд ва таълимоти аслии исломро таҳриф намуда, ба он тафсирҳои бардурӯғ медиҳанд. Дар ҳоле, ки дини мубини Ислом дини сулҳ, ҳамзистӣ ва муҳаббат аст, онҳо онро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мебаранд, то тавассути зӯроварӣ ва таҳдид ҳадафҳои хешро амалӣ созанд.
Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда роҳҳои ҷалби ҷавонон аз ҷониби ин гурӯҳҳост. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳо ва паёмрасонҳои интернетӣ василаи асосии таблиғ ва ҷалб гардидаанд. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ба осонӣ бо ҷавонон робита барқарор мекунанд. Онҳо дар саҳифаҳои интернетӣ видеоҳо, наворҳо ва маводҳои таблиғотиеро ҷой медиҳанд, ки дар он «адолат», «озодӣ» ва «ҳақиқат»-ро шиор қарор медиҳанд. Дар асл, ин паёмҳо бо ҳадафи фиреби ҷавонон ва шикастани тафаккури интиқодӣ омода мешаванд.
Ин гурӯҳҳо бештар ҷавонони бекор, муҳоҷир, камсавод ва табиатан норозиро интихоб мекунанд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки дар «ҷангҳои муқаддас» иштирок карда, ба биҳишт роҳ меёбанд, ё дар дунё соҳиби қудрату сарват мешаванд. Ин ҳама танҳо воситаи фиреб аст, зеро дар амал ин ҷавонон ҳамчун қурбониёни сиёсатҳои хатарнок истифода мегарданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъзе гурӯҳҳои тундрав фаъолият доштанд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ расман мамнӯъ ва террористӣ эълон шудаанд. Аз ҷумла, Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ), ки дар ибтидо ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият мекард ва баъд аз ошкор шудани фаъолияти зиддидавлатӣ ва робита бо гурӯҳҳои террористии хориҷӣ аз ҷониби Суди Олии кишвар дар соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ пурра манъ гардид. Ҳамчунин, бо ҳалномаҳои Суди Олӣ 29 адад ҳизбҳо, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳои зерин ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди кишвар манъ, воридоти адабиётҳо ва сомонаҳои ин ташкилотҳо баста шуданд, ба монанди «Ал-Қоида», Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби Исломии Туркистон, «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-е-Тайба», «Ҷаъмият –е- Ислам-и Покистон», гуруҳҳои «Тоҷикистони Озод», «Салафия», ҷамоати «Ансоруллоҳ», «Гуруҳи 24», «Давлати исломии Ироқу Шом», «Паймони миллии Тоҷикистон», «Шаҳидони Яҳво», «Памир дейли нюс» (Pamir Daily News) ё «Памир нюс» (Pamir News), «Давлати исломии вилояти Хуросон», «Новый Таджикистан 2» ва ғайраҳо.
Бояд қайд кард, ки тибқи қонунгузорӣ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дода намешавад.
Таъсиси ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хилофи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда буда, мақсади онҳо ба поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, бо истифода аз дини мубини ислом, матбуоти даврӣ ва дигар шабакаҳои ичтимоӣ, даъват намудан барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдорсозии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ равона шудааст.Дар робита ба ин, дар қонунгузории ҷиноятӣ як қатор кирдорҳо ҷиноят эътироф гардида, барои содир намудани онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо пешбинӣ гардидаст.
Моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 7 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо муқаррар намудааст.
Фаъолияти ин гурӯҳҳо барои давлат ва ҷомеаи мо хатарнок аст, зеро онҳо кӯшиш доранд, ки дар зеҳни ҷавонон тухми душманӣ ва нобовариро кошта, онҳоро ба зидди давлати худ барангезанд. Ба ҷойи ҳимояи ватану халқи хеш, чунин афрод фиреб хӯрда, дар хизмати нерӯҳои бегона қарор мегиранд ва бо амалҳои худ обрӯи миллатро паст мезананд.
Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, аввал бояд сабабҳои иҷтимоӣ ва равонии он таҳлил карда шаванд. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд барномаҳои махсуси дастгирии ҷавононро татбиқ намоянд. Нақши муассисаҳои таълимӣ ва руҳониён низ дар ин ҷода муҳим аст. Омӯзгорон ва имом-хатибон бояд дар байни наврасону ҷавонон фарҳанги таҳаммулпазирӣ, муҳаббат ба ватан ва эҳтироми ақидаи дигаронро рушд диҳанд. Дар дарсҳои соати тарбиявии тамоми муассисаҳои таълимии кишвар курсҳои махсуси «Таълими зидди терроризму экстремизм» роҳандозӣ шаванд, ки ҳадаф аз онҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Илова бар ин, ниҳодҳои давлатӣ бояд муборизаи иттилоотиро тақвият бахшанд. Чӣ тавре ки гурӯҳҳои ифротӣ шабакаҳои иҷтимоиро барои паҳн кардани ғояҳои худ истифода мебаранд, сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ низ бояд аз ҳамин роҳ барои таблиғи арзишҳои миллӣ, динӣ ва инсонӣ кор баранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд мундариҷаҳои ҷолиб, наворҳои омӯзанда ва маводҳои тарбиявӣ бештар паҳн гарданд, то ҷавонон дар муҳити солим ва боэътимод қарор гиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, ҳама гуна даъватҳоро вобаста ба халалдорсозии тамомияти арзӣ ва амнияти давлатӣ, ҷудоиандозию ба миён овардани низоъҳои диниву мазҳабиро маҳкум менамояд. Шаҳрвандони кишвар бояд доданд, ки ҳар шахс вазифадор аст Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд, зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Бо вуҷуди ин, таҷриба нишон медиҳад, ки роҳи асосии мубориза бо ин падидаҳо маърифат ва дониш аст. Ҷавононе, ки саводи хуби ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доранд, камтар ба доми таблиғоти ифротӣ меафтанд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва касбомӯзӣ муҳимтарин воситаи пешгирии терроризм мебошад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки терроризм ва экстремизм танҳо мушкили як давлат ё як минтақа нестанд. Онҳо мушкили умумибашарӣ мебошанд ва танҳо бо кӯшиши якҷояи давлатҳо, ҷомеа ва шахсиятҳо метавон аз он пешгирӣ кард. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки сулҳ ва оромӣ осон ба даст намеоянд ва барои ҳифзи онҳо бояд доимо талош варзид.
Ҳамин тавр, мубориза бо ифротгароӣ танҳо дар он сурат самаранок мешавад, ки агар дар он тамоми қишрҳои ҷомеа иштирок кунанд. Вақте ҷомеа якдилу ҳамфикр бошад ва ҷавонон бо орзуву нияти нек зиндагӣ кунанд, ҳеҷ як таблиғоти бегона наметавонад онҳоро гумроҳ созад. Сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ се пояест, ки метавонад Тоҷикистонро аз хатарҳои терроризм ва экстремизм эмин нигоҳ дорад.
Манучеҳр МУСОЕВ,
мудири кафедраи фанҳои иқтисод ва иттилооти
Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом
ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров