Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МУҲАММАД АБДУЛЛОЕВ: МЕХОҲАМ МУТАХАССИСИ ХУБ ШАВАМ
single-product

МУҲАММАД АБДУЛЛОЕВ: МЕХОҲАМ МУТАХАССИСИ ХУБ ШАВАМ

2025-10-24 11:04:30

Муҳаммад Абдуллоев донишҷӯи соли дуюми Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон аст. Ӯ ғолиби ҷойи якум аз номинатсияи технологияи иттилоотӣ дар даври дуюми озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” буда, феълан барои ғолибият дар даври ниҳоӣ талош дорад.

Ба андешаи Муҳаммад, имрӯз технологияҳои иттилоотӣ ба яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти кишвар табдил ёфтааст. Иқтисоди рақамӣ, ки асоси онро иттилоот ва технология ташкил медиҳанд, рушди устувор ва таъмини самаранокии иқтисодиётро таъмин менамояд. Ҳамчунин, технологияҳои иттилоотӣ имконият медиҳанд, ки истеҳсолот, савдо, молия ва хизматрасониҳо дар шакли рақамӣ амалӣ гарданд.

“Инро ба инобат гирифта, мо-ҷавонон дар пайи омӯзиши илмҳои дақиқ ва фанни технологияи иттилоотием. Ман соли дуюм аст, ки дар ин озмун иштирок мекунам ва орзу дорам дар даври ниҳоӣ ғолибият ба даст орам. Раҳмат ба Пешвои муаззами миллат, ки барои мо ҷавонон шароит муҳайё месозанд, то илму дониш гирем, ҳамқадами замон бошем ва дар чунин озмунҳо иштирок кунем. "Илм - фурӯғи маърифат" озмунест, ки зеҳни моро рушду инкишоф медиҳад, сатҳи донишамонро баланд мегардонад. Дар оянда орзу дорам, дар самти барномамозӣ ва кор бо технологияҳо мутахассиси хуб гашта, дар пешрафти Ватани маҳбуб нақше гузорам”, - иброз дошт Муҳаммад Абдуллоев.

Ёдовар мешавем, ки 21 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардида, он то 24 ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ идома мекунад.